Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти назарсанҷии доирнамуда аз ҷониби Маркази таҳлилии Юрий Левада, ки аз 22 то 26-уми май дар 128 маҳаллаи аҳолинишини 46 минтақаи Русия миёни 1600 нафар сокинони Русия гузаронида шудааст, танҳо 9 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро дӯсту иттифоқчии Русия мешуморанд.

            Тибқи маълумои марказ, ҳамин миқдор русиягиҳо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Фаронса ва Булғорияро низ дӯсту иттифоқчии Русия арзёбӣ кардаанд.

            Дар ин рӯйхат Белорус (50%), Қазоқистон (38%), Чин (18%), Олмон (17%), Арманистон (15%),Ҳиндустон (12%), Куба (11 фоиз) ва Озарбойҷон (10%) аз Тоҷикистон болотар ҷой гирифтаанд. Умуман дар рӯйхати «дӯстону иттифоқчиёни Русия» 35 кишвари ҷаҳон ҳузур дорад.

            Чанде аз ин кишварҳо дар рӯйхати душманони Русия низ ҷой доранд. Аз ҷумла, 1 фоизи русиягиҳо Тоҷикистонро чун кишвари нисбат ба Русия хусуматдошта арзёбӣ кардаанд. Дар рӯйхати душманон Гурҷистон (62%), ИМА (45%), Украина (41%), Латвия ва Литва (35 фоизӣ), Эстония (30%) ва Полша (10%) пешсафанд.