Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов бо донишҷӯёни фаъоли макотиби олии пойтахт мулоқот орост.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, зимни мулоқот донишҷӯёни фаъол фикру ақида ва лоиҳаҳои худро ба вазир пешниҳод сохтанд, ки ӯ онҳоро мусбат арзёбӣ намуд. «Зимни гуфтугӯи ошкор донишҷӯён ба вазир ҳамчунин аз мушкилоти ҷойдоштаи худ низ ибрози назар намуданд», - гуфт манбаъ.

            Дар чаҳорчӯбаи вохӯрӣ А.Раҳмонов аз намоишгоҳи намунаҳои ихтирооти донишҷӯён боздид кард. Дар фарҷоми мулоқот ҳамаи донишҷӯён бо ифтихорномаҳои вазорат сарфароз гардонида шуда, муаллифони ду ихтирооти беҳтарин ба маблағи 500 сомонӣ ҳар кадоме бо мукофоти пулӣ қадронӣ шуданд.