Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ӯзбекистон ҳаҷми интиқоли газ ба Тоҷикистонро се баробар афзуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимов иттилоъ дод, дар музокироти мақомоти дахлдори ҳарду кишвар чунин тавофуқ ҳосил шудааст. «Қаблан мо аз Ӯзбекистон ҳамагӣ 6 ҳазор метри мукааб дар як соат газ мегирифтем, ки он танҳо барои қонеъ сохтани талаботи корхонаи алюминии Тоҷикистон истифода мешуд ва шурӯъ аз субҳи имрӯз ба Тоҷикистон дар як соат то 20 ҳазор метри мукааб гази кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳаҷми иловагии газ ба корхонаҳои саноатӣ равона гардида, шурӯъ аз субҳи имрӯз интиқоли газ ба КВД «Тоҷиксемент» дубора барқарор гардид.
Ёдрас мекунем, бинобар напардохтани қарз аз ҷониби Тоҷикистон «Узтраснгаз» шурӯъ аз 17-уми июн ҳаҷми интиқоли газ ба ҷумҳуриро то 6 ҳазор метри мукааб дар як соат коҳиш дода буд. Мақомоти раҳбарии «Узтрансгаз» қаблан изҳор дошта буд, ки дар сурати то 15-уми июн аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарзи истифодаи газ, ки феълан 17 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, интиқоли онро ба ҷумҳурӣ пурра қатъ мекунад.
Муовини раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз Шавкат Шоимов изҳор дошта буд, ки баҳри қонеъ сохтани талаботи ҷумҳурӣ бо газ дар як шабонарӯз беш аз 100 ҳазор метри мукааб газ зарур аст. Номбурда афзуда буд, айни замон ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 10 млн. $, «корхонаи «Тоҷиксемент» - 2 млн. $, «Сомонсуғдгаз» низ 2 млн. $, корхоани «Лаъл»-и вилояти Суғд – 1,1 млн. $ ва Талко – ҳудуди 700 ҳазор $
аз корхонаи «Тоҷиктрансгаз» қарздор мебошанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста