Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мегардад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии умумии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба андозаи 4,7 фоиз коҳиш ёфта, соли 2010 афзоиши иқтисод ҳамагӣ 1,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар гузориш зикр мегардад, ки соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Украина - 9, Русия – 7,5, Молдова ва Тоҷикистон – 3, Белорус – 3,3 ва Қазоқистон – 1,5 фоиз коҳиш меёбад. «Дар ҳамин ҳол, дар як қатор кишварҳои минтақа ММД ба қадри ночиз афзуда, ин нишондиҳанда дар Озарбойҷон – ба 3,3, Ӯзбекистон – 4,5 ва Гурҷистон 1 фоиз бробар хоҳад буд», - омадааст дар гузориш.
Тибқи маълумоти гузориши мазкур, соли 2010 солимгардии иқтисод боиси афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳамаи кишварҳои минтақа гардида, ин нишондиҳанда дар Русия – 2,5, Белорус – 2,6, Украина – 1, Озарбоҷон – 5,2 ва Ӯзбекистон – 5,0 фоизро ташкил хоҳад дод.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста