Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқот бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мақомоти дахлдори вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зоирине, ки имсол нияти сафари ҳаҷ доранд, муроҷиат намуда, пешниҳод кард, ки маблағҳои сафари ҳаҷро дар давраи бӯҳрон ба оилаҳои камбизоати осебдида аз офатҳои табиӣ дар соли равон хайр кунанд.

«Ба халқи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, хулоса ба ҳамаи онҳое, ки нияти зиёрати хонаи Худоро доранд, муроҷиат карда, онҳоро даъват намоям, ки маблағҳои барои ҳаҷҷи имсола нияткардаи худро бо дарназардошти шароити бӯҳронии замона сарф кунанд ва албатта беҳтар аст, ки маблағи барои ҳаҷ, хусусан ҳаҷҷи дуюмбора ва сеюмбора, сарфшавандаро барои кӯмак ба зарардидагони офатҳои табиӣ, ятимону маъюбон, шахсони мӯҳтоҷу бесаробон, оилаҳои камбизоат, ё барои обод кардани ягон гӯшаи ватан харҷ кунанд», - гуфт сарвари давлат.