Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - 26 июни соли 2009 дар Триеста, Италия, Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ҳамрохон Зариф ӣ дар кори Мулоқоти ғайрирасмии «Гур ӯ ҳи 8» оид ба Афғонистон ва андозагирии минтақав ӣ иштирок кард.

Дар мулоқоти вазирони корҳои хори ҷ ии «Гур ӯ ҳи 8», Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказ ӣ , кишварҳои донор, инчунин роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилал ӣ , аз ҷ умла, Дабири Кулли СММ, ЮНОДС, Созмони байналмилалии муҳо ҷ ират ва дигарон гирди мизи мудаввар ҷ амъ омада буданд.

Мувофиқи р ӯ знома муҳокимаи васеи масъалаҳои ҳамкор ӣ дар идораи сарҳадот ва ҳамдастиҳои ҷ омеаи ҷ аҳон ӣ дар мубориза бо наркотрафик сурат гирифт.

Дар назди иштирокдорони мулоқоти ғайрирасмии «Гур ӯ ҳи 8» Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ҳамрохон Зариф ӣ суханрон ӣ намуд, ки нуктаҳои муҳими он оварда мешаванд:

«Имр ӯ з истеҳсол ва паҳни ғайриқонунии маводи нашъаовар аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи он ва Аврупо ба сифати яке аз омилҳои халалдор кардани вазъият дар минтақа ва ҷ аҳон баромад мекунад.

Сарфи назар аз к ӯ шишҳои ҷ омеаи ҷ аҳон ӣ , мутаасифона, мубориза бо ин хатар характери давомдор гирифтааст.

То ҷ икистон ҷ онибдори қабули усулҳои нисбатан самараноки ҳамкор ӣ ва механизмҳоест, ки баҳри бартараф намудани хатару таҳдидҳои мушаххас равона гардидаанд.

Ба пиндори мо, барои кулан дигаргун кардани вазъияти вобаста ба истеҳсоли маводи нашъадор ва паҳн намудани он фақат амалҳои қудрат ӣ басанда нестанд. Ба Афғонистон бояд алтернативаи воқеии тараққиётро пешниҳод кард. Зарур аст, ки ҳалли бунёдии мушкилоти и ҷ тимо ӣ -иқтисод ӣ ва эколог ӣ таъмин гардида, баҳри болоравии нек ӯ аҳволии мардум шароит фароҳам оварда шавад.

Якум, таҳия ва амал ӣ намудани барномаи кишти растаниҳои алтернативии кишоварз ӣ тавассути фароҳам овардани шароитҳо барои барқарор сохтан ва беҳсозии низоми обёрии Афғонистон дар решакан кардани парвариши афъюн омили муҳиме буда метавонад. Инро тавассути сохтмони сарбандҳо ва нер ӯ гоҳҳои обии барқ ӣ дар дарёи сарҳадии Пан ҷ амал ӣ кардан мумкин аст.

Дуюм, бо таҳдиди маводи нашъадор на танҳо дар кишваре, ки он истеҳсол шудааст, балки дар он кишварҳое низ мубориза бурдан лозим, ки истеъмол мешавад. Маълум аст, ки аз думболи маҳдуд гардидани истеъмол истеҳсоли онҳо низ кам хоҳад шуд.

Сеюм, масъалае, ки ба он бояд ҷ омеаи ҷ аҳон ӣ аҳамияти ҷ идд ӣ диҳад, аз барҳам задании содироти прекурсорҳо ба Афғонистон аст, ки дар ин кишвар истеҳсол намешаванд.

Дар Ҷ умҳурии То ҷ икистон ҳамдаст ӣ дар соҳаи амнияти минтақав ӣ , ки бахши асосии он мубориза алайҳи паҳншавии ғайриқонунии маводи нашъадор мебошад, яке аз самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳо бо ҷ омеаи ҷ аҳон ӣ ба шумор меравад. Мо ҷ онибдори таъсис додани муоҳидаи васеи зидди маводи нашъадор ҳастем». Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.