Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Соли ҷорӣ шумори квотаҳои президентӣ барои қабул ба макотиби олии Тоҷикистон афзуда шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори раёсати макотиби олии Вазорати маорифи ҶТ Ҳоким Валиев иттилоъ дод, барои соли хониши 2009-2010 шумораи квотаҳои перзидентӣ баҳри таҳсил дар макотиби олии кишвар барои хатмкардагони ноҳияҳои дурдаст 1 ҳазору 150 ҷойро (635 ҷой барои духтарон) ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 43 ҷой зиёдтар мебошад. «Афзоиши шумори квотаҳо ба қонеъ сохтани талаботи минтақаҳо ба кадрҳои баландихтисос вобаста аст», - гуфт ӯ.
Оқои Валиев гуфт, соли ҷорӣ тибқи квотаҳои президентӣ макотиби олиро 508 нафар донишҷӯён хатм намуда, боз таҳсили 2 ҳазору 556 нафар идома дорад. «То имрӯз 2 ҳазору 196 нафар мувофиқи квотаҳои президентӣ соҳиби маълумоти олӣ шуданд», - афзуд Валиев.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста