Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар натиҷаи баста шудани яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Маскав – Черкизбозор то 10 ҳазор тоҷикистониён бекор монданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги тоҷикии «
Tajinfo
» Муҳамммади Эгамзод иттилоъ дод, бинобар ошкор сохтани қонуншиканиҳои зиёд муддати се рӯз аст, ки ҳукуматдорони шаҳр фаъолияти бозорро то бартараф сохтани камбудиҳо қатъ сохтаанд. «Мақомоти шаҳрдории Маскав ният дошт, ҳанӯз ахири соли 2007 ин бозорро бандад, зеро тайи чанд соли ахир дар ин ҷо ҳодисаҳои зиёди сӯхтор рух дода, он макони будубоши ашхоси ҷиноятпеша гардида буд», - гуфт ӯ.
М.Эгамзод мегӯяд, сипас мӯҳлати бастани бозор то 1-уми январи соли 2009 мавқуф гузошта шуда, мӯҳлати нав ба соли 2011 муқаррар шуд ва бояд дар ҷойи бозор маҷмааи варзишӣ бо боғи истироҳат қомат афрозад. Қобили зикр аст, ки Черкизбозор бозори умумирусиягӣ буда, ҳамарӯза баҳри харидории молу маҳсулот ба он даҳҳо ҳазор нафар тоҷирон аз тамоми манотиқи Русия меомаданд. «Шумораи шаҳрвандони тоҷики машғули кор дар ин бозор аз 8 то 10 ҳазор нафар аст ва онҳоро метавон ба се гурӯҳ – аробакашон, фурӯшандагони кирошуда ва ёварони онҳо ва тоҷирони соҳиби нуқтаи фурӯши хусусӣ тақсим намуд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки шумораи дақиқи тоҷикистониёнро мушаххас сохтан ғайриимкон аст, зеро аксари муҳоҷирон ғайрирасмӣ кор мекунанд.
Номбурда афзуд, баста шудани бозор вазъи муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро душвор хоҳад кард. «Ҳукуматдорони Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони бекормонда бояд чораҳо андешанд», - таъкид сохт собиқ сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод.



Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста