Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи ҷумъа, 3 июл дар сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Лоиҳаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон» нишасти хабарӣ доир мегардад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Русия дар ҶТ иттилоъ доданд, дар нишасти матбуотӣ иштироки аъзои Шӯрои корӣ дар назди сафири Русия дар Тоҷикистон пешбинӣ мегардад. «Аз ҷумла, дар нишасти хабарӣ намояндаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон - Александр Яковлев, сарвари кулли ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» - Раҳматулло Алжанов, сарвари намояндагии ҶСК «Газпром Зарубежнефтегаз» - Сергей Туманов, сарвари кулли ҶДММ «Таком» - Владимир Копил, сарвари кулли ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» - Р.Наинбоев, роҳбари намояндагии ҶСК «Росселхозбанк» дар ҶТ - М.Қодиров ва мудири иҷроияи ҶДММ «Созидание» - К.Усмонов ширкат хоҳанд варзид», - гуфтанд дар сафорат.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти хабарӣ аъзои Шӯрои корӣ дар бораи фаъолияти ширкатҳояшон дар қаламрави Тоҷикистон ба ВАО маълумот хоҳанд дод.