Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз имрӯз дар шҳри Душанбе нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва маводи сӯзишворӣ бо нархи нисбатан арзон ба кор шурӯъ мекунанд.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, қарори мазкур бо мақсади коҳиши арзиши маҳсулоти асосии ғизоӣ ва маводи сӯзишворӣ ва инчунин назардошти муроҷиати Агентӣ оид ба захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ ба тасвиб расидааст. «Нуқтаҳои фурӯши орд, шакар, равғани рустанӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ ва ҳамчунин бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар тамоми ноҳияҳои пойтахт то 30-юми декабри соли ҷорӣ фаъолият мекунанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, раиси шаҳри Душанбе унвонии иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳоде ирсол кардааст, ки дар он озод кардани ин нуқтаҳои фурӯш аз пардохти андоз аз фурӯши чакана ва иҷораи бино пешбинӣ мегардад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста