Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - 30 июни 2009 дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия баргузор гардиданд.

Масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчўби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин дигар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди эҳтимоми муштарак мавзўи асосии машваратҳои сиёсӣ буданд.

Дар раъси ҳайъати Финляндия мудири кулли Идораи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия хонум Нина Васкунлахти қарор дошт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.