Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи афзоиши қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ мақоми дуввумро ишғол кард. Дар ин бора ширкати иттилооти «БелаПАН»-и Белорус иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти БелаПАН, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 27,47 дарсад (аз 3,4519 то 4,4 сомонӣ) афзудааст.
Дар нимсолаи аввал қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори милӣ дар Белорус ба миқдори – 28,95, Қазоқистон – 24,54, Арманистон – 17,39, Қирғизистон – 9,8, Молдова – 8,11, Русия – 6,5, Ӯзбекистон – 6,4, Латвия – 1,21, Литва – 0,55 ва Озрбойҷон – 0,39 дарсад афзудааст. Дар Туркманистон қурби доллари ИМА тағйир наёфтааст (2,85 манат).
Дар ин давра дар Эстония қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ ба андозаи – 0,05, Гурҷистон – 0,55 ва Украина – 0,91 дарсад коҳиш ёфтааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста