Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни гуфтушуниди мақомоти раҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо роҳбари лоиҳаи рушди соҳибкории хурду миёнаи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (КБМ) дар Тоҷикистон Венди Вернер ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе имкони таҳияи заминаи фанниву иқтисодии татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ дар кӯли Сарез баррасӣ шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ иттилоъ доданд, В.Вернер изҳор доштааст, ки КБМ дар ҳамдастӣ бо ширкати муҳандисии
«Stucky Ltd»
омода аст, заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар кӯли Сарезро таҳия сохта, тамоми масъалаҳои марбут ба онро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор диҳад.
«Ҷонибҳо бобати баргузории марҳилаи дуввуми гуфтушунид дар ин хусус бо иштироки бевоситаи намояндагони ширкати муҳандисии
«Stucky Ltd»
ва баррасии ҷузъиёти минбаъдаи сохтмон мувофиқа ҳосил карданд», - афзуд манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста