Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 3-4-уми июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯро оид ба корҳои ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар ҷаласа лоиҳаи Стратегияи ҳамкории байнулмилалии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Беларус таҳия гардидааст, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Бино ба иттилои манбаъ, муқаррароти Стратегия ба баланд бардоштани сатҳи худогоҳии миллӣ ва шаҳрвандии ҷавонон, таҳаммулпазирӣ, фаъолияти густардаи зеҳниву эҷодӣ ва варзишӣ равона шудааст. «Дар лоиҳа роҳандозии чорабиниҳои такмил ва ҷорӣ сохтани фановариҳои ҷадид зимни кор бо ҷавонон, нигаҳдорӣ ва афзудани мероси фарҳангии мардум ва барқарор сохтани робитаи мустаҳками фарҳангӣ ва дӯстӣ миёни ҷавонони кишварҳои узви ИДМ пешбинӣ шудааст», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар робита бо соли 2009-ро Соли ҷавонон дар ИДМ эълон намудан, иштирокдорони ҷаласа оид ба андешидан ва баргузории чорабиниҳо ба ин муносибат дар кишварҳояшон низ табодули афкор хоҳанд кард.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста