Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ду нафар сарбозони нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 30-юми июн дар қаламрави ноҳияи Панҷ ду сарбози қисми ҳарбии 2610-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ – Ҳоким Мирзоев аз ноҳияи Восеъ ва Мансурҷон Шукуров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 340 грамм ҳашиш боздошт шудаанд. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд», - афзуд манбаъ.

            Қобили зикр аст, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 300 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.