Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Федератсияи итттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони ширкатҳои ҳавопаймоӣ табдили ном кард.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шоқурбон Эсанов иттилоъ дод, чанде қабл дар ҷараёни баргузории конфронси таъсисотии иттифоқҳои касабаи кормандони шитркатҳои ҳавопаймоӣ чунин тасмим гирифта шуда, бинобар ба нафақа баромадан раиси иттифоқ Бегиҷон Шералиев аз вазифааш сабукдӯш гардид. «Иштирокдорони конфронс оинномаи нав, муқаррароти фаъолияти комиссияи тафтишотиро қабул карда, ҳайати нави раёсати кумитаро таъсис доданд ва Мамадқул Хушвақтовро, ки қаблан дар федератсияи иттифоқҳои касаба фаъолият дошт, раиси нави кумита интихоб карданд», - гуфт ӯ.

            Номбурда афзуд, феълан 19 воҳидҳои иттифоқҳои касабаи идоравӣ дар ҳайати Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон амал мекунад. Айни замон 3 ҳазору 702 корманди ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аъзои Кумитаи иттифоқҳои касаба мебошанд.