Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 6-уми июл бо дастгирии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе намоишгоҳи байнулмилалии дастовардҳои илмии Эрон доир мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, намоишгоҳ бо ташаббуси вазорати мазкур дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати илм, таҳқиқот ва маорифи ҶИЭ ва ҳамчунин ширкати эронии «Иртиботсозӣ» созмон дода мешавад. «Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ рушду густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ миёни доираҳои илмии Тоҷикистону Эрон ва шиносоии наздики мардуми тоҷик бо дастовардҳои илмии Эрон аст», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ дастовардҳои илмии муосир, таҷҳизот ва фановариҳои ҷадиди 40 озмоишгоҳи муассисаҳои илмии Эрон, дастовардҳои илмии қароргоҳҳои техникӣ, марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои электронии ин кишвар пешкаши тамошобинон хоҳанд шуд. «Дар кори серӯзаи намоишгоҳ зиёда аз 100 намояндагони доираҳои илмӣ, кормандони Вазорати маориф, роҳбарони мактабҳои олӣ, олимон ва коршиносони Эрон иштирок хоҳанд кард», - афзуд манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста