Вохӯрии ҷавобии финали байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон мусовӣ - 2 бар 2 анҷом ёфт.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар варзишгоҳи «Кантерава» дар Бангалор доир гардида, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Нуриддин Давронов ва Дмитрий Барков ба ҳадаф расониданд.
Қобили зикр аст, ки бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфта, ҳамин тариқ, акнун футболбозони тоҷик дар бозии финалии Ҷоми Осиё, ки санаи 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, бо тими «Эйр форс»-и Ироқ қувваозмоӣ мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




