Имрӯз тақдими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоби ВМКБ шурӯъ гардид. Тақсими китоби “Тоҷикон” аз ноҳияи Ванҷи ин вилоят оғоз шуда буд.
Китобро Нуралӣ Собирзода муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси ин ниҳоя Ҳусния Раҷабзода ва дигар намояндаҳои дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба мардуми ноҳия тақсим мекунанд. Дар ин бора ба “Asia-Plus” аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд.
Ба иттилои Нуралӣ Собирзода барои аҳолии ноҳияи Мурғоб мутаносибан бо шумори оилаҳо 3800 китоб ҷудо шудааст.
Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки ин ҳадяи Эмомалӣ Раҳмонро ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Собирзода мебарад.
Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд, ки онҳо тамоми чораҳоро дидиаанд, ки аз фурӯш ва ё хилофкориҳо дар тақсими китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба мардум пешгирӣ кунанд.
Ин китоб ба унвони ҳадя аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим мешавад.
Нашри ин китоб дар Тоҷикистон гардишҳои дигаре ҳам дошт, ки дар расонаҳо ва шабкаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда баҳс шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҷаримаи мансабдор дар Қубодиён барои нодида гирифтани муроҷиати мардум
Эмомалӣ Раҳмон бино ва хобгоҳи нави ДМТ-ро боз кард
Баҳои иншои дохилшавии Эмомалӣ Раҳмон чанд буд? Осорхонаи Пешвои миллат дар ДМТ
Дар Тоҷикистон сабти ном барои дарёфти квотаи таҳсил дар Русия оғоз шуд
Пирӯзии толибилмони Хуҷанд дар олимпиадаи байнулмилалӣ
Зимистони пас аз баҳор. Тоҷикистон барфпӯш шуд
USAID ба китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон китоб медиҳад
Барфи зиёд: роҳи Душанбе-Хуҷанд барои бархе мошинҳо баста шуд
Дар Тоҷикистон ниме аз корхонаҳои сабтиномшуда кор намекунанд: сабаб чист?
Даъвати Лоиҳаи Фонди тоҷикистонии Оғохон ба озмуни фурӯши трансформатор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста