Шаҳрдории Душанбе пешниҳод кардааст, ки соҳибкорони дохиливу хориҷӣ метавонанд "Боғи ҳайвонот"-и Душанберо  бунёд кунанд ва онро соҳиб шаванд. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо истод ба шаҳрдории Душанбе хабар додааст.

Ҳукумати Душанбе гуфтааст, ки дар ин росто соҳибкоронро барои хусусӣ кардани "Боғи ҳайвонот" "ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад".

Пештар, 14 декабри соли 2020 шаҳрдории Душанбе  барои бунёди «Боғи ҳайвонот» дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ ва хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  дар масоҳати 13 (сенздаҳ) гектар замин ҷудо карда буд.

Ҳамчунин сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи фанновариҳои  муосир, бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст, гуфтаанд аз шаҳрдорӣ

Ҳукумати Душанбе аз соҳибкорон ва тоҷирону хоҳишмандон хостааст, агар барои ин кор майл доранд ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг бизананд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.