Шавҳари Сулҳия Султонова, занеро, ки чанд рӯз пеш бо нашри чанд видео дар фейсбук гуфт, ки кормандони мақомоти қудратии ноҳияи Спитамен барои ба хидмати сарбозӣ бурдани писараш ба коргоҳаш омадаанд, субҳи имрӯз нозирони минтақавии милиса ва кормандони Комисариати ҳарбии ноҳия бо худ ба мақомот бурдаанд. 

Султонова, ки сокини ҷамоати шаҳраки Навкати Спитамен мебошад, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт субҳи имрӯз кормандони комиссариати ҳарбӣ ва ШКД-и ноҳия шавҳараш Ҷамшед Акрамовро барои бозпурсӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Вай гуфт, аз ин ҷо ӯро баъдан ба шуъбаи мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ бурданд ва бо гирифтани баёнот озод кардаанд. 

Аз Ҷамшед Акрамов мақомот ба далели он, ки гӯё фарзандашро дар мавсими даъват пинҳон мекуна,д  баёнот гирифтаанд ва ӯро бозпурсӣ кардаанд. 

“Онҳо бовар накарданд, ки писари ман дар Русия аст. Аз шавҳарам баёнот гирифтанд, ки дурӯғу пинҳон накардаем. Мо гуфтем дуруст ба Русия рафтааст, фурудгоҳро санҷиданд ва бо писарам телефонӣ сӯҳбат карданд. Писарам варақаи муҳоҷиратиро акс гирифту фиристоду баъд гуфтанд, ки дигар ҳеҷ мушкил  нест ва шавҳарамро ҷавоб доданд”,-гуфт Султонова.

Аммо Султонова дар мавриди бозпурсӣ ва чӣ навиштани шавҳараш дар баёнот ҷузъиёт надод, танҳо гуфт шавҳараш бо навиштани баёнот раҳо шудааст. 

Писари 18-солаи Сулҳия Султонова рӯзи 19-уми апрел ба Русия рафтааст. Вале ба гуфтаи ӯ масъулини ҷамоат ба ин “бовар накарда истодаанд”. Ӯ гуфт, қаблан барои писараш аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома омада буд, аммо   санади донишҷӯ будани ӯро нишон дода буданд.

“Мо маълумотнома дода гуфта будем, ки писарамон дар Омӯзишгоҳи касбию техникии Спитамен мехонад ва таҳсилаш ба охир нарасидааст. Масъулини ҷамоат  гуфтанд, маълумотнома чизеро ҳал намекунад ва таҳдид карданд, ки писаратонро меоред”,-мегӯяд ӯ.

Як масъули Комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен ба "Азия-Плюс" гуфт, оилаи Акрамовҳоро се бор барои суҳбат даъват кардаст ва онҳо дар ҷавоб ҳуҷҷати  донишҷӯии писарашонро оварда буданд. Вале кормандони ҷамоати шаҳраки Навкат дигарбора ин падару модарро овардаанд.

“Донишҷӯй будааст, мехонад, вале аз ҷамоат маълумотнома додаанд, ки хориҷ шудааст. Дар ҳақиқат чанд бор даъватнома фиристодаву огоҳинома гирифтаанд. Мо барвақт маълумотномашонро гирифта қабул карда будем, вале дубора низ кормандони ҷамоат овардаанд, баъд ман ба коргарони худамон ва ҷамоат фаҳмонидам маълумотнома доранд, ҷавоб додем рафтанд".

Ин масъули Комисссариати ҳарбии ноҳия мегӯяд, ки имрӯз овардем, гуфтем бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбат мекунеду меравед аз пайи кор мешавед.

Бояд гуфт, ки рӯзи 3-юми апрел чанде аз кормандони ҷамоат ва комиссариати ҳарбӣ ба утоқи дӯзандагии Сулҳия Султонова рафта аз ӯ писарашро пурсида буданд. Лаҳзаи бозпурсиии масъулин дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳо зиёдеро дар мавриди чунин амалкарди кормандони ҷамоату комиссариат нисбати як модар ба бор овард.

Аммо ҳоло аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен мегӯянд, онҳо кормандони ин ниҳод набуданд, балки аз ҷамоат буданд.

Имсол маъракаи даъват ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳарчанд бино ба иттилои расмӣ то 85% иҷро шудааст, вале пурвокуниш буд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавридҳои зиёди облава шудани даъватшавандаҳоро аз хиёбону дохили нақлиёти ҷамъиятӣ навор бардоштаву нашр карданд, ки вокунишҳои гуногуне дар пай дошт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.