Рӯзи якшанбеи 18-уми июн, Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи муштарак бо аъзои минтақаи мудофиавии ҳудудии № 1 дар ин вилоят, ки раҳбарони ҳамаи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба шумор мераванд, аз ноамниҳо дар вилояти Бадахшони ҷумҳурии ҳаммарзи Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.

Файзов  дар ин ҷаласа гуфта буд, ки ноамниҳои Афғонистон моро водор мекунад, ки масъалаи суботи дохилиро  ҷиддӣ бигирем ва марзу буми хешро ҳимоя кунем. Ҳамчунин Файзов аз эҳтимоли пазируфтани паноҳандаҳои ҷониби ҳамсоя, дар сурати бадтар шудани авзои амниятии вилояти ҳаммарз низ ҳушдор дода буд.

“Азия-Плюс” бар пайи ин нигарониҳо чанд суоле ба Ёдгор Файзов дод, ки посухҳоро дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ дарёфт кард.

- Бо чӣ далелҳо вазъияти кишвари ҳамсоя шуморо нигарон кард?

Ёдгор Файзов: Вазъияти кишари ҳамсоя ноамн аст, ки ин барои ҳама маълум аст. Ҷаласаи кории мо, махсус барои ноамниҳо дар кишвари ҳамсоя набуда, балки мо ҳар се ва ҳар шаш моҳ ҷаласаи корӣ гузаронида, вазъияти кишварҳои ҳамсояро барррасӣ мекунем. Ва вазъияти давлати Афғонистонро низ дар ҷаласа баррасӣ намудем, чун бо кишвари мо ҳамсарҳад ва ҳамсояи наздик мебошад. Дар ҷаласа баррасӣ шуд, ки авзои ноамнии кишвари ҳамсоя барои мардуми мо чӣ хатар дорад ва дар ҳолати хатараҳои ношӣ аз ҷониби Афғонистон, чӣ корҳо бояд ба сомон расонида шаванд ва бояд дар ҳолати омодабош қарор бигирем. Ҳарчанде вазъияти марзӣ хуб аст ва хатаре ҳоло таҳдид намекунад.

- Дар ВМКБ омодагиҳо барои пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии ҷониби Афғонистон гирифта шудаанд?

Ёдгор Файзов: Қаблан ҳам гуфта будем, ки дар ҳолати таҳдид ба кишварамон мо дар ҳолати омодабош қарор дорем. Вазъияти ноамн дар кишвари ҳаммарз - Афғонистон моро ҳушдор медиҳад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар ҳолатҳои эҳтимолии халалдор сохтани марзи давлатӣ баҳри муҳофизати хоки муқаддаси кишвар истодагарӣ намуда, аксуламали ҷавобиро аз худ нишон диҳем.

Маълум аст, ки ВМКБ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон марзи  тӯлонӣ дорад, ба ин далел пурзӯр намудани фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ  ба таври доимӣ ва дар ҳолати омодабош қарор  доштани аъзоёни он  зарур аст. Нигоҳубини сарҳадҳо боз ҳам пурзуртар гардида, дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Акс аз дафтари матбуоти раиси ВМКБ

- Вилоят чӣ қадар имконоти иқтисодиву сиёсии пазируфтани паноҳандаҳои эҳтимолиро дорад?

Ёдгор Файзов: Дар ҳолати вахим шудани вазъияти сокинони ҳамсояи он сӯйи марз, мо омода ҳастем паноҳдиҳандагонро қабул намоем. Албатта, дар сурате, ки агар онҳо ба ин эҳтиёҷ дошта бошанд. Яъне дар ҳама ҳолат ҳамсояи худро бояд дар рӯзҳои вазнин дастгирӣ намуд. Чун бубинед, даврони ҷанги шаҳрвандӣ ин мардум паноҳандагони моро пазируфтанд ва имрӯз мо низ ба онҳо дасти кӯмак мерасонем. Ҳоло бо имконоти иқтисодиву сиёсиамон омодаем беш аз 10 ҳазор паҳонадагони бародарони афғонро бипазирем ва онҳоро дар ҷойи амн нигоҳубин намоем. 

Ба ҳамин хотир дар ҷаласаи баргузогардида, суҳбат сари мушаххас намудани ҷойҳои амн, захираи маводи сӯзишвориву хӯрок ва либосвориву нақлиёти зарурӣ дар сурати қабули гурезаҳои иҷборӣ аз хоки кишвари ҳаммарз рафт ва ин муҳим  маънидод шуд. Боз ҳам такрор мекунам, ки вазъият ҳоло хуб аст ва ин ҳарфҳо ҳоло танҳо барои корҳои омодагӣ ва дар ҳама ҳолат омода будани мо сурат гирифта истодааст. Яъне корҳои пешгирикунанда.

- Паноҳандагон аз қаламрави ҳамсоя аллакай ворид шудаанд?

Ёдгор Файзов: Не, ҳоло паноҳҷӯе аз давлати ҳамсоя вориди кишвари мо нашудааст.

- Оё ин мавзуъ дар сатҳи болои раҳбарии кишвар ҳам баррасӣ шудааст?

Ёдгор Файзов: Бале, вале шахсан худам бо роҳбари давлат суҳбат накардаам, вале намояндагони сохторҳои дахлдор аз ҳодисаҳои ахири дар кишвари ҳамсоя рухдода огаҳ ҳастанд ва қисме аз онҳо дар ВМКБ қарор доранд. Аз ҷумла вазири мудофиа ҳоло дар Бадахшон қарор доранд ва масъаларо баррасӣ карда истодаанд.

- Дар маҷмуъ вазъ дар сарҳадҳои вилоят бо вилояти ҳамноми кишвари ҳамсоя чӣ гуна аст?

Ёдгор Файзов:  Вазъият дар сарҳади вилоят хуб аст ва айни ҳол хатаре вуҷуд надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.