Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон бо нашри як изҳороти тунд дар саҳфаи расмияш дар Фейсбук гуфт, ки таҳти ҳеҷ шароите ва дар баробари ҳеч имтиёзе, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем.
Ин изҳорот, ки чанд лаҳза пеш нашр шуд, пас аз хабарҳои эҳтимоли оташбаси шашмоҳа ва истеъфои Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, мебошад.
Дар ин изҳорот, оқои Солеҳ бо хитоб ба мардуми Афғонистон мегӯяд, ки "бароятон итминон медиҳам, ки таҳти ҳеч шароите, зери ҳеч унвоне, дар баробари ҳеч имтиёзе, ба хотири ҳеч маслиҳате, султаталабиро болои мардуми Афғонистон намепазирем ва ба ҳеч муомилае, ки толиб шароити онро дикта ва таҳмил кунад, тан дар намедиҳам. Ба ҳеч муомилае, ки исмаш сулҳ ва моҳияташ таслим бошад, тан дар намедиҳам. То ҷойе мақдур бошад, аз ҳаққи тамоми мардуми Афғонистон дифоъ мекунам".
Амруллоҳ Солеҳ дар ин изҳороташ мегӯяд, ки "аз ҷойгоҳи муовини нахусти раёсати ҷумҳурӣ тамоми сайъу талошро анҷом медиҳам, ки вазъият тағйир намояд ва яқин дорам, ки толиб шикаст мехӯрад. Торих собит хоҳад сохт", - гуфтааст Солеҳ.
Солеҳ гуфтааст, ки неруҳои амниятиву дифоӣ ва хезишҳои мардумӣ дар ҳар ҷойе, ки раҳбарии дуруст шудаанд, то кунун муқовимати сахт кардаанд ва бо қомати рост меҷанганд.
Муовини нахусти раисҷумҳури Афғонистон қасам мехӯрад, ки "ба Худованд қасам ёд мекунам - ба руҳи пуршукуҳи раҳбарам қасам ёд мекунам, ки меросашро лаккадор намесозам. Ӯ гуфта буд, агар ба андозаи кулоҳаш замин боқӣ монда бошад, муқовимат мекунад. Ниёз нест барномаҳоямро аланӣ баён намоям. Ман дар реша ва тафаккур сарбози Аҳмадшоҳ Масъуд ва сарбози ҳаросат аз ормони ҳамешатобони муқовимат астам. Муқовимат, яъне ҳаросат аз иззати зан, мард, хонавода, ҳарими хусусӣ, каромати инсонӣ ва ҳаққи таъини заъомат барои ҳама миллати Афғонистон".
Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст, ки "пирӯз мешавем, аммо бе қурбонӣ на".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Хонаҳои нав ба осебдидагони офатҳои табиӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор ва Нуробод кадом иншоотро ифтитоҳ кард?
Додгоҳ Ботир Қодировро писари Шералӣ Ҷӯраев эълон кард
Гӯшту равған қимату орду тухм арзон. Соли равон нархи кадом маҳсулоти ғизоӣ боло рафт?
Русия ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешавад
Аз “дурӯғу “через” то “мусоидати болову поён” дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дилшод Назаров раиси Кумитаи варзиши Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд
Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста