То ҳол муайян нест, ки Афғонистонро дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ), ки интизор меравад моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, кӣ намояндагӣ мекунад: Толибон ё ҳукумати фалаҷшудаи Афғонистон.
Афғонистон, ки дар СҲШ ҳамчун мақоми кишвари нозирро дорад, тибқи муқаррарот бояд дар ҷаласаҳои ин созмони ширкат кунад.
Як мақоми баландпоя аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” кӯтоҳак гуфт, ки ин мавзуъ то ҳол ниҳоӣ нашудааст ва мо кор бурда истодаем корбарӣ идома дорад.
“Ҳоло муайян нест, ки дар ҷаласаи душанбегии СҲШ ин кишварро кӣ намояндагӣ хоҳад кард”.
Дар ҳамин ҳол яке аз мақомҳои дипломатии Сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” мегӯяд, ки омодагиҳо барои ҳузури намояндаи Афғонистон дар нишасти сарони СҲШ дар моҳи сентябри соли 2021 аз моҳи апрел оғоз шуда буд, аммо суқути ҳукумати Кобул ва ба дасти Толибон расидани идораи давлат, ин омодагиҳоро ба сифр баробар кард.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло Тоҷикистон мунтазири посухи Кобул аст, вале ин посух аз чӣ васила мерасад, мо дар ҷараён нестем.
Ҳарчанд бештар аз як ҳафта мешавад, ки Толибон ҳукумати Кобулро ба даст гирифтаанд, вале то кунун эълони ҳукумат накардаанд ва кишварҳои ҷаҳон низ то кунун ин гуруҳро ба расмият нашинохтаанд.
15-уми сентябо, рӯзе, ки гуфта мешуд Толибон ба Кобул ворид мешаванд, президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ фирор кард ва баъди чанд рӯз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз худ дарак дод.
Вазири хориҷиаи Афғонистон Муҳаммад Ҳанифи Атмар ҳам ба хориҷи кишвар рафтааст, ки ҳоло гуфта мешавад дар Ҳинд қарор дорад.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло дар дохили Афғонистон, дар Панҷшер қарор дорад, ду рӯз пас аз фирори Ғанӣ, эълон кард, ки бар асоси Қонуни Асосии ин кишвар, дар сурати фирор, марг ва бемории раисҷумҳур, ӯ сарпарасти раёсатҷумҳурии Афғонистон аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста