Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ҳукумати эълонкарадаи Толибонро ғайриқонунӣ ва намунаи душманӣ ба мардуми Афғонистон номид. Ин ҷабҳа аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, кишварҳои таъсиргузор хостааст бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ накунанд ва эълон кардааст, ки ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолро эълом хоҳад кард.
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, дар саҳфаи фейсбукаш мавқеи расмии Ҷабҳаро нашр кардааст.
Бар асоси ин эъломия, Ҷабҳа "эълони кобинаи сарпараст аз сӯйи Толибонро ғайриқонунӣ ва намоди боризи душманӣ бо мардуми Афғонистон медонад".
Дар эъломия омадааст, ки мо аз тамоми шаҳрвандони Афғонистон мехоҳем, ки барои раҳоӣ аз ишғоли Толибон ва соири ҳампаймонони террористи он, ба муқовимат ва истодагарӣ идома диҳанд.
"Мардуми озода ва силаҳшӯри мо, чунонки дар гузашта дар баробари тамомиятхоҳӣ, ифротият, занситезӣ ва ҳукумати террористон муқовимат карданд, имрӯз низ то наҷоти кишвар аз дасти террористон ва толибон ба муқовимат идома медиҳанд ва ҳукумати ғайриқонунӣ ва номашруъи Толибонро дар Кобул таҳдиде ба суботу амнияти Афғонистон, минтақа ва ҷҳон медонанд",*омадааст дар эъломияи Ҷабҳаи муқовимат.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бовар дорад, ки эҷоди ҳукумати мардумсолор, машруъ ва қонунӣ, сирфан аз тариқи ирода ва раъйи мардум дар як интихоботи саросарӣ ва мавриди таъйиди ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад ба миён биояд. Таҳаммули як ҳукумати дастнишонда бар мардуми Афғонистон, хилофи каромати инсонӣ ва муғойири ҳуқуқ ва қавонини байналмилалӣ аст,- гуфта мешавад дар идомаи ин мавзеъгирӣ.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз Созмони миллали Муттаҳид, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, Иттиҳодияи Урупо, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳодияи ҳамкориҳои иқтисодии Ҷануби Осиё, Созмони ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), кишварҳои узви пружаи Қалби Осиё, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва кишварҳои таъсиргузори минтақа ва ҷаҳон хостааст, ки то эҷоди шароити мубтанӣ бар хости тамоми мардуми Афғонистон аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатик бо Толибон худдорӣ варзанд ва мардуми Афғонистонро дар раҳоӣ аз терроризм ва ишғол ҳамкорӣ кунанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, баъд аз машвара бо шахсиятҳои сиёсӣ ва кадрҳои тахасусӣ, ба зуди сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолор ва посухгӯро эълом хоҳад кард,- гуфта мешавад дар охири ин эъломия.
Ҳамчунин Салоҳуддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур, волии пешини вилояти Балх, Раҳматулло Набил, раиси собиқи Раёсати амнияти милии Афғонистон ва бархе дигар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ҳукумати эълонкардаи Толибонро интиқод кардаанд ва бар хилофи манофеи мардуми Афғонистон донистаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста