Мақомоти Тоҷикистон барои занони ҳомила ва ширдеҳ воксин задан алаҳи бемории коронавирусро ҳатмӣ намедонанд.  Наврӯз Ҷаъфаров сардори раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин гуна занҳо метавонанд дар вақтҳои тавсияшуда аз ҷониби табибон воксин бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз занон мегӯянд, дар беморхонаҳои маҳалли зисташон ба онҳо гуфтаанд, ки ҳоло гирифтани воксин барои онҳо низ ҳатмӣ шудааст.

Мадина, яке аз ин занон, ки тифли ширхора дорад, ба редаксияи рӯзномаи «Азия-Плюс» муроҷиат ва  гуфт, ки қаблан дар беморхонаҳои маҳалли зист онҳоро барои гирифтани воксин зидди бемории коронавирус маҷбур намекарданд. Аммо ҳоло бошад ба манзили зисташон табибони оилавӣ омада, талаб доранд, ки бояд ҳатман вакина гузаронанд.

«Дар аввал гуфта будан, ки барои занони ҳомила ва зане, ки тифли ширмак дорад, воксин задан ҳатмӣ нест. Ҳозир талаб доранд, ки бояд дар беморхона рафта ваксин бизанем. Ман тифли ширмаки думоҳа дораму ҳамсояам зани ҳомиладор аст, аммо аз дармонгоҳи маҳалли зистамон дар бемористони «Истиқлол» омада гуфтанд, ки ҳатман бояд воксин бигирем»,-мегӯяд ин зан.

Ин хонум мегӯяд, сабаби талаби баякборагӣ воксин заданро ба онҳо шарҳ надоданд ва танҳо гуфтаанд, ки ҳоло ин кор ҳатмӣ ва маҷбурист.

Аммо сардори раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳеҷ нафаре ҳақ надорад занони ҳомилаву тифли ширхора доштаро барои гирифтани воксин маҷбур намоянд. Ӯ гуфт, ки ин ҳам дар ҳолест, ки гузаронидани воксин дар кишвар маҷбурӣ набуда, вале барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ҳатмист.

Ҳамчунин Ҷаъфаров гуфт, ки бархе занони ҳомила худ хоҳиши воксинзанӣ доранд ва онҳо метавонанд баъди машварат бо табиби оилавӣ ин корро бикунанд.

«Чун дар мо панҷ навъи воксин вуҷуд дорад, ки духтур ба занон тавсия медиҳад, ки аз кадоме боядзад. Ва онҳо ҳеҷ таъсири баде ба зани ҳомила намерасонанд. Вале, танҳо бо машварти духутр воксинро интихоб мекунанд. Чун, духтурон медонанад кадоме аз онҳо барои зани ҳомила гузаронида шавад ё умуман гузаронида нашавад»,-мегӯяд Ҷаъфаров.

Акси Asia-Plus

Ба назари ин мақоми Вазорати тандурустӣ заноне, ки тифли ширхора доранд, метавонанд баъди семоҳа ё шашмоҳа шудани тифлашон воксин бизананд: воксин ба модар ва тифлаш ҳеҷ таъсири манфие намерасонад.

Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон аз 3-юми июли соли гузашта бар асоси  қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо паҳншавии бемории COVID-19, воксин задан алайҳи коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. 

Ёдовар мешавем, ки аз рӯзи 24 июн, пас аз ворид шудани воксини  CoronaVac чинӣ ба кишвар, дар Душанбе эмгузаронии оммавии шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз шуда, се моҳ қабл як табақаи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла афроди аз 60-сола боло, ба гирифтани воксини AstraZeneca шурӯъ карданд. Ҳоло дар кишвар ба ҷуз ин ду воксин, ҳамчунин воксинаҳои Pfizer ва Moderna-и амрикоӣ ва “Спутник V”-и русӣ низ дастрасанд.

Дар Тоҷикистон то имрӯз 49, 7 фоиз шаҳрвандон вояи якуми ваксинаи зидди бемории коронавирус ва 42, 5 фоиз ду воя ваксинро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.