Бо гузашти қариб як шабонарӯз аз тазоҳуроти мардум дар назди бинои ҳукумат  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, субҳи имрӯз дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъ дар маркази вилоят тинҷ буда, мардум паси кори худанд.

Ин дар ҳолест, ки манбаъҳои ғайрирасмӣ аз идомаи гирдиҳамоии бештар аз ҳазор сокини вилоят дар назди ҳукумати шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки аз субҳи 26-уми ноябр дар макон ҷамъ шудаанд. Эътирозгарон аз ҳукумат ва мақомоти қудратӣ ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги як сокини маҳаллиро талаб доранд.

Назарзода ба суоли ин ки, то ба ҳол мардум дар назди бинои ҳукумат қарор доранд, посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, “ҳама тинҷ аст, ташвиш нашавед”

- Вазъият ягон мушкилот надорад, тинҷ аст, ташвиш накашед. Мардум кори худашро карда истодааст. Чӣ хеле ки ҳамарӯза ҳаст, мардум ба кори худаш рафта истодааст. Мардум кори худашро карда истодааст, ҳар кас кори худаш катӣ. Чӣ хеле ки ҳамарӯза аст, мардум кор, мактаб, донишгоҳ рафта истодаанд, - афзуд раиси шаҳри Хоруғ.

Ҳарчанд манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки роҳҳо ба шаҳри Хоруғ баста аст, вале  раиси шаҳр гуфт, ки роҳ боз аст.

Тамосҳои пай дар пайи “Азия - Плюс” бо мақомоти қудратии ВМКБ, шаҳри Хоруғ то ҳол бенатиҷа аст. Раҳбарони мақомоти қудратӣ дар ВМКБ  вазъро шарҳ намедиҳанд ва аз пешниҳоди ҳама гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Бадахшон тариқи телевизиони вилоят хабар доданд, ки дар ҷараёни беназмиҳо дар шаҳри Хоруғ, ки дирӯз, рӯзи 25-уми ноябр гузашт, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ шадидан захмдор шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот се нафари онҳо кормандони Раёсати амнияти вилоят, яке аз пулис ва як корманди додситонӣ будаанд. Мақомот аз сокинон хостаанд, амалҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 25 ноябри дар Хоруғ дар назди бинои ҳукумат шуморе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштақалъа даст ба нишони эътирозӣ задаанд. Ҳамоиши эътирозӣ бар пайи кушта шудани як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифтааст. Эътирозгарон то нимашаби 25-уми ноябр дар макони эътироз ҳузур доштанд.

Мақомот гузарондани амалиёт барои боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабарҳои расмӣ ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.