Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон на танҳо низоми сиёсиро дар кишвар тағйир доду чархаи қудратро ба гардиши бозиҳои калон даровард, балки чеҳраҳои саршиноси фарҳангиву илмиеро ҳам рабуд, ки нақши мондагоре дар ташаккули фарҳанги миллӣ доштанд.

Кароматуллоҳи Қурбон аз чунин чеҳраҳои саршиносу овозхонҳои пуртарафдори поёни солҳои 80-ум - оғози солҳои 90-ум буд, ки агар 29 сол пеш кушта намешуд, имрӯз Тоҷикистон ифтихори таҷлили ҷашни 60-солагияшро дошт.

18-уми октябри соли 1992 Кароматуллоҳро бо дастаи ҳунариаш ҳангоми бозгашт аз тӯйи яке аз ҳаводоронаш аз ноҳияи Ёвон аз ҷониби аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ ба қатл расонида шуд.

Кароматуллоҳи Қурбон дар тӯли фаъолияти эҷодии кӯтоҳи худ тавонист, дар саҳнаи тоҷик мактаби шахсии овозхонии худро созмон диҳад. Сурудҳои ӯ бисёр чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, тӯю ҷашнҳоро оро додаанд. То имрӯз ҳазорҳо нафар ҳаводори овози ӯ мебошанд ва мактаби ӯ аз давомдортарину пурпайравтарин мактабҳои эстрадаи тоҷик аст.

Ин овозхони номошно соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, баъдан ба ноҳияи Рӯдакии ҳозир кӯчиданд. Ӯ аз даврони мактабхонӣ ба омӯзиши мусиқӣ шурӯъ намуда, дар аввал ҳамроҳи дӯстонаш гурӯҳи созию овозии “Суғдиён”- ро ташкил намуд.


Баъдан, аз гурӯҳ ҷудо шуд ва ба дастаи ҳунарии «Гулшан» ба кор даромад. Қуллаи эҷодиёти сароянда ба охири солҳои 80-ум - аввали солҳои 90-ум рост меояд, вақте ки ӯ воқеан яке аз солистҳои асосии ин дастаи машҳур буд.

Хотироти дӯстон дар бораи Кароматуллоҳи Қурбон

Исматулло Холов дар яке аз суҳбатҳояш бо “Азия - Плюс” гуфта буд, онҳо бо ҳам навохтану сароиданро аз синфи чаҳорум оғоз карданд ва бо ҳам дар тамоми маҳфилҳои байни мактабҳои ноҳия ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат мекарданд.

Ин ду ҳунарманд дар гурӯҳи созию овозии “Суғдиён” бо ҳам фаъолият карда, сурудҳои қадимаи тоҷикиро дар жанри эстрада месароиданд.

“Дӯстам инсони хоксору меҳрубон ва серкор буд. Ҳамеша барои муваффақ шудан талош мекард. Устоди санъати Ҳиндустон Муҳаммадрафӣ ва Аҳмад Зоҳирро хеле дӯст медошт. Ба ҳамин хотир номи фарзандашро Муҳаммадрафӣ гузошт”, - афзуда буд ӯ.

Баҳодур Неъматов, сарояндаи гурӯҳи созию овозии “Гулшан”, ки Кароматуллои Қурбон дар ҳайати он чандин сол ҳунарнамоӣ кардааст, мегӯяд, Кароматуллоҳ гӯё ҳис мекарда бошад, ки умраш начандон тӯлонист, шабу рӯз пайи офаридани сурудҳои нав ба нав буд...

“Ҳар вақте номи Кароматуллоро шунавам, хандаҳо ва табассуми ширини ӯ пеши назарам меояд. Ҳамсуҳбати хуб ва хушгуфтор, хеле шӯхтабиат ва самимӣ буд...”, - нақл карда буд Неъматов.

Ҳунарпеша ва ровии маъруф Ортиқи Қодир, ки бо Кароматулло дӯсти наздик буд, мегӯяд, шодравон дар жанри эстрада таҳавуллоти аҷиб овард. Ӯ аз равзанаи ифтихори миллӣ ба ҷаҳони санъати муосир нигоҳ мекард ва нисбат ба худ серталаб буд, то ҳунарашро сайқал диҳад.

Ортиқ Қодир

Ортиқи Қодир ба ёди дӯсташ Кароматуллоҳи Қурбон китобе бо номи “Ёди ту оташест” навишта, саҳнаи худоҳофизӣ бо ҳунармандро дар Душанбе тасвир кардааст, ки чӣ тавр мардуми зиёд барои гусели овозхони дӯстдоштаи худ назди Театри опера ва балети Душанбе ҷамъ омада, ашк мерехтанд.

- Кароматулло Курбонов истеъдоди фитрӣ дошт, вале хизмати асосии ӯ дар он аст, ки ба мусиқии имрузаи мо як равияи нав овард, — гуфта буд, овозхон Қурбоналӣ Раҳмон. — Бо гузашти солҳо ҳам бисёр санъаткорони ҷавон мехоҳанд ба ӯ монанд шаванд. Хусусияти дигари Кароматулло дар он буд, ки ӯ сабки ҳиндиро дӯст медошт ва ҳатто дар мусиқии миллӣ аз асбобҳои ҳиндӣ истифода мекард.

Шоир Ҳабибулло Нозирӣ, ки матни бештари сурудҳои Кароматуллоҳ моли ӯ буд”, гуфта буд, кори муштараки онҳо натиҷаи хуб дод – якҷоя 17 суруд эҷод карданд.

- Суруди «Бишнав, ки аз бунёди ман...» (Гӯш кун, аз ман меояд...)-ро маҳз бораи ӯ навиштаам. Баъзан ман худам байтҳои классикон ё шоирони муосирро интихоб намуда, аз ӯ хоҳиш мекардам, ки аз онҳо таронае созад, - нақл карда буд Нозирӣ.

Ҳабибулло Нозирӣ

Тарбиятгар

Ҳунарпеша ва овозхон Парвиз Пӯлодӣ мегӯяд, маҳз Кароматуллоҳи Қурбон ӯро ба овозхонӣ овард ва як суханаш ӯро ҳамеша тарбиятгар аст.

“Ҳангоме ба намоиш омодагӣ медид, мо ӯро пайваста парешон кардем. Ӯ ба сӯи мо нигарист ва ногаҳон маро даъват кард. Номамро пурсид ва баъд бо овози ором фаҳмонд, ки барандаи чунин номи зебо набояд рафтори ношоиста кунад. Дар гуфтораш як чизе буд, ки баъд аз ин ҳодиса ман дигар шудам. Ман як навъ худдорӣ пайдо кардам: агар ягон кори бад карда бошам, дарҳол бозистодам ва суханони ӯро ба хотир меовардам. Метавон гуфт, ки устод Кароматулло маро дубора тарбия кард, - нақл мекунад Парвиз.

Павиз Пулодӣ бо Кароматулло Қурбон

Тӯйи охирин

Кароматуллоҳ Қурбонов охирин таронаҳои худро дар тӯйе дар шаҳраки “Спутник” - и ноҳияи Ёвон иҷро кард. Дар соли 2006 хабарнигори "Азия-Плюс" аз ин ҷой боздид намуда, бо оилаи Султоновҳо, ки Кароматуллоҳ охирин сурудҳояшро дар ҳавлии онҳо иҷро карда буд, суҳбат орост.

Нуқра Шералиева, ҳамсари шодравон Сулаймон Султонов, соҳибхонае, ки ҳамроҳи Кароматуллоҳ кушта шуд, он шоми мудҳишро чунин ёдоварӣ мекунад:

- Се писарамонро хатна кардем, хурдӣ он вақт ҳамагӣ 8-моҳа буд. Шавҳарам сурудҳои Кароматулло Қурбоновро хеле дӯст медошт ва гуфт, ки ӯро ба тӯй меорад.

 Шавҳарам ба қавли худ вафо кард, ҳунарманди номдорро овард. Одам бисёр буд, туй хеле хуб гузашт. Тақрибан соати 22 тӯй ба охир расид ва ҳунармандон ба мошинҳои худ рафтанд. Бродари калониам Искандар ва муҳофизи Аслонбек Нуров (маъруф бо лақаби “Деҳқон”) Сафар Холов бо мошинҳои "Жигули" барои гусели меҳмонон рафтанд. Якҷоя бо ҳунармандон Сӯҳроб Носиров, ки мебоист меҳмононро ба Душанбе ҳамроҳӣ мекард (муҳофизи дуюми “Деҳқон”), рӯзноманигор Таваккал Файзуллоев дар мошини УАЗ нишаста буданд.

Он шаб, пас аз рафтани мошинҳо, мо садои тири автомат ва таркишҳоро шунидем. Касе гуфт, ки дар наздикӣ мошине таркидааст. Чароғҳоро хомӯш кардем ва бо хонаи пур аз меҳмонон то саҳар интизор шудем, ки чӣ мешавад. Субҳ мошине бо наздикони Кароматулло омаданд ва ба мо гуфтанд, ӯро куштаанд...”.

Лаҳзаи қатл

Аз байни ҳамроҳони Кароматуллоҳи Қурбон фақат як нафар аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд. Рустам Алимов, корманди фаннии гурӯҳ, тавассути боғу дараҳо фирор ва баъдан дидаҳояшро ба пулис нақл кардааст. Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо лаҳзаи марги ӯро чунин нақл кард:

Восит (Абдувосит Самадов) ва Файзихон Холов, ки маст буданд, фармон додаанд, ки мошини овозхон истад. Восит ба ҳаво тир холӣ карда, баъд фармон дод, ки аз мошин фуроянд. Ҳама дар як қатор саф кашида буданд. Сулаймон Султонов, ки аллакай рафта буд, ба оина нигоҳ кард, ки мошини овозхонро боздоштанд. Ӯ дубора баргашт.

Тақрибан 20-25 ҷангҷӯи мусаллаҳ дар маҳал ҷамъ омада, моро иҳота карданд. Чунин шуд, ки тасодуфан касе маро ба тарафи тракторе, ки дар наздикӣ воқеъ буд, тела дод. Ман дар паси трактор пинҳон шудам ва садои тирро шунидам: дидан мумкин буд, ки яке аз мо чӣ гуна афтодааст... Чунон ки баъд дар рафти тафтиш маълум гардид, ин Караматулло Қурбонов будааст.

Восит ба ғазаб омад: "Мо дар ин ҷо ҷанг мекунему шумо дар тӯйҳо суруд мехонед?!" Вай аз таппонча ба рӯи Кароматулло тир холӣ кард. Пас аз он тирҳои дигар буданд ...

Восит дид, ки тирдонаш холӣ шудааст, таппончаашро партофт ва ба ҷанговаронаш фармон дод, ки ҳамаро кушанд. Пас аз он ҳама ҷасадҳо дубора тирборон карда шуданд.

Сипас, ҷангҷӯён ба мошини Султонов наздик шуданд. Ӯ Воситро ором карда, гуфт, ки вай одами маҳаллӣ аст. Вале ин ҷангҷӯён таъсир накард ва онҳо ӯро бо  се мусофир куштанд.

Сипас бо ду тир  раққосаро ки то ин дам дар дохил “Жигули” –и ҷинояткорон буд, куштанд”.

Ҷасадҳоро баъди ду рӯз аз ҳавзи партобҳои корхонаи кимиёвии Ёвон пайдо ва ба наздиконашон супурдаанд.

Кароматуллоҳ дар ёдҳо зинда аст

Муҳаммадрафӣ ва Нозия

Дар маҷмӯъ, Кароматуллоҳ 7 албом дошт, ки аз 76 тарона иборат аст.

Вақте ки Кароматуллоҳ даргузашт, се фарзандаш - Муҳаммадрафӣ, Сахӣ ва Нозия ҳанӯз хурдсол буданд, аз ин рӯ, аз падар хотираи хосе надоранд, ҳарчанд дар тӯли умри худ меҳри бепоёни худро ба ӯ меоранд, бо пойи ӯ қадам мезананд.

Имрӯз Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло аз маъруфтарин сарояндаҳои эстрадаи тоҷик мебошанд. Писари сароянда ба шарофати кори доимӣ болои худ на танҳо дар намуди зоҳирӣ, балки дар овоз ва истеъдоди фитрии худ аз бисёр ҷиҳат ба падараш шабоҳат дорад. Нозия консерваторияро дар Деҳлӣ дар бахши вокал ва рақси классикӣ хатм кард.

Бародару хоҳар ба таронаи падари марҳумашон бо номи "Ишки рӯҳафзо" клипе наворбардорӣ кардаанд, ки то имрӯз миллионҳо бинанда дорад.

Ҳатто агар дар солҳои даҳшатбори 90-ум қотилон тавонистаанд ба таври фоҷиавӣ ба зиндагии сарояндаи ҷавону боистеъдод Кароматуллоҳ Қурбон халал расонанд, истеъдоди ӯро ба қатл расонда натавонистанд.

Сурудҳои ӯ то имрӯз дар ҳама ҷо ба гӯш мерасанд. Воқеият аст, ки Кароматуллоҳро на танҳо фаромӯш накардаанд, балки то ҳол дар ёд доранд ва дӯст медоранд. Вай дар ёди мардум ҳамчун ҳунарманди дурахшон, меҳрубон ва боистеъдод боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.