Интизор меравад рӯзҳои наздик байни Туркманистону Ӯзбекистону Тоҷикистону Чин ва баръакс даҳлези чандваҷҳа (мултимодалӣ)-и интиқоли борҳо ташкил шавад. Дар ин бора имрӯз, 15 декабр вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод.

Номбурда гуфт, ки дар ин росто, аллакай чанд вохӯрии маҷозии коршиносони кишварҳо доир гардид ва вохӯрии ҳузурии ҷонибҳо рӯзҳои наздик дар Душанбе мегузарад.

- Интиқоли мултимодалии борҳо тавассути роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоби Тоҷикистон ва сипас тавассути роҳи автомобилгард ба Хитой дар назар аст. Иқтидорӣ истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб дар як шабонарӯз тахминан 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад,-гуфт Азим Иброҳим.

Вазири нақлиёти кишвар ҳамчунин, дар назди вакилон созишнома дар мавриди ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон байни Тоҷикистону Туркманистонро муаррифи кард, ки дар асоси он муносибат дар соҳаи нақлиёти ду кишвар пурра барқарор мешавад.

Ӯ гуфт, созишнома аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ манфиатовар буда, он бо мақсади барқарор шудани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт ва рушди иқтисодиёти ҳарду кишвар амалӣ мегардад.

- Тарафҳо уҳдадоранд, ки бо мақсади густариши дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзит, барои беҳтари намудани роҳҳо ва шоҳроҳҳо, таъмини марказҳои хизматрасонӣ ва бехатарии ҳамлу нақл чораҳои заруриро андешанд,-зикр кард вазири нақлиёт.

Гуфта шуд, ки интиқолдиҳандагони ватаниву хориҷӣ тавассути ҳудуди Туркманистон асосан интиқоли борро ба/аз самтҳои Эрон, Туркия, Озорбойҷон ва Гурҷистон анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим бо қабули созишномаи мазкур имконият фароҳам мешавад, ки молу маҳсулоти Тоҷикистон бо истифода аз бандари “Туркмонбошӣ” тавассути Баҳри Каспий ба кишварҳои Аврупӣ роҳ ёбанд.

- Аз тарафи дигар масири нақлиёти тавассути ҳудуди Туркманистон масири кутоҳтар ва мусоид барои анҷом  додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли мултимодалӣ маҳсуб меёбад,- гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Тоҷикистону Туркманистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ моҳи октябри соли 2017 шарики стратегӣ шуданд. Чанд моҳ нагузашта дар равобиташон сардӣ эҳсос шуд. Ашқобод монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд. Дар ин муддат сабаби сардии рафтори ҷонибҳо фош нашуд. Мақомоти Тоҷикистон чанд дафъа гуфтанд, ки барои фаҳмидани асли қазия ба Ашқобод нома фиристоданд, вале ҷавобе нагирифтанд.

Моҳи августи соли равон дар пайи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ва мулоқоташ бо ҳамтои тукрманаш зоҳиран ин ду кишвар ба "ҷанг"-и пинҳонии сесола поён бахшидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.