Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон як корманди Комиссарияти ҳарбии вилояти Суғд Мавзуна Абдуллоева ва як шарики ӯ Ғафурова З. И.-ро бо ҷурми гирифтани пора дастгир намуда, алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар иттилои расмим ин ниҳод омадааст, ки онҳо бар ивази омода кардани билети ҳарбии корношоямӣ аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 6 ҳазор сомонӣ боздошт шудаанд. Аммо аз шаҳрванде, ки бояд билетҳи ҳарбӣ мегирифт, оҷонсӣ ном набурдааст.
“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони оҷонсӣ Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.”-омадааст дар хабарномаи ин нищод.
Ин ниҳод гуфтааст, ин ду зан маблағи тасарруфкардаро ба хароҷоти шахсиашон сарф намудаанд.
Феълан нисбати ин ду бо гумони қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “Б”, “В” ва “Г” Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом, тибқи ин бандҳои қонун ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ва ё аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста