Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров яке аз лидерони ғайрирасми ВМКБ талаб намудааст, ки худро ба мақомот таслим кунад ва дар робита ба фаъолиятҳояш дар назди қонун посух гӯяд. Ӯ ҳамчунин, аз аҳолии шаҳри Хоруғ даъват кардааст, ки ба навбатдории шабонарӯзӣ дар шаҳр хотима диҳанд. 

Дар муроҷиатномаи видеоӣ, ки шоми 6-уми феврал дар телевизони маҳалии “Бадахшон” нашр шудааст, Назарзода аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Хоруғи Боло ном бурда, талаб кардааст, ки рафта тибқи талаботи қонун барои фаъолияти кардааш худаш посух диҳад.

Шаҳрдори Хоруғ ҳамчунин, аз сокинон даъват намудааст, ки аз навбатдории шабонарӯзии фарзандонашон, сӯзонидани балонҳо ва мондани постҳо, инчунин маҳкам кардани роҳҳо пешгирӣ ва худдорӣ намоянд. Зеро ба таъкиди ӯ, амали онҳо ғайриқонунӣ буда, нисбати чунин шахсон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода мешавад.

Ин масъули давлатӣ давоми 30 сол дар Хоруғ давом ёфтани амалҳои ғайриқонуниро натиҷаи реша давонидани гурӯҳҳои муташакили ҷиноятӣ, беҷазо мондани онҳо ва бетарафу тамошобин будани бархе аз аҳли зиё маънидод кард. 

Назарзода Шодӣ воқеаҳои 25-28 ноябри соли 2021 маҳкум намуда, аз сокинони Хоруғ даъват намудааст, ки минбаъд ғуломи қонун бошанд.

 - Гурӯҳҳои дигари сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он, ки ягон салоҳияти ҳуқуқӣ надоранд, бемувофиқаи мақомоти давлатӣ, аз пеши худ сокинонро ҷамъ мекунанд, мулоқотҳо ташкил мекунанд ва  ба паҳн намудани маълумоти беасос, наворҳои видеоӣ ва мароҷиатҳои  ғайриқонунӣ даст мезананд, ки хилофи қонунгузории ҷории Тоҷикистон мебошад,- мегӯяд Назарзода.

Ин ишораи Назарзода, зоҳиран ба "Гуруҳи 44" аст, ки дар муроҷиати ахири худашон изҳорот дода буданд, ки масъалаи кушта шудани шаҳрвандони вилоят дар эътирозҳои ахирро то СММ мекашанд.

Намояндагони "Гуруҳи 44"

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар “Гурӯҳи 44” дар муроҷиатномаи нави худ гуфтаанд, ки масъулияти ба ҷавобгарӣ кашидани куштори сокинони ВМКБ Гулбиддин Зиёбеков, Тутишо Амиршоев, Гулназар Муродбеков ва захмишудаҳҳои эътирозҳои ахири Хоруғро то ба роҳбарияти Тоҷикистон ва кумитаҳои марбутаи СММ мерасонанд.

“Гуруҳҳи 44” аз ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии ин вилоят иборат аст, ки пас аз ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли гузашт барои назорати санҷиши мунсифонаи қазияҳои Хоруғу Роштқалъа ташкил шудааст.

Онҳо дар як навори видеоии нав, ки шоми 4 феврал нашр шуд, дигарбора таъкид менамоянд, ки гуруҳи онҳо созмон ё ҳаракати сиёсӣ нест ва ҳеч ҳадафи сиёсиеро дунбол намекунанд.

Дар ин муроҷиатнома онҳо иддао мекунанд, ки агар ягон кас ё қувваи ҷиноятпешае онҳоро идора мекард ё амали кардани ягон мақсади сиёсӣ,  нияти содир намудани ҷиноят, халалдор ва вайрон намудани сулҳу оромии  ҷомеа ва давлатро медоштанд, аз минбарҳо талабот ва даъватҳои дигар пешниҳод мекарданд.

Онҳо гуфтанд, ҳадафашон аз давлат ва мардум ҳимояи сулҳу тинҷӣ, адолат, ҳокимияти қонун ва амонии ҷомеаву давлат буду халос.

Ба таъкиди онҳо ба ин гуфтаҳо ҳазорон сокинони ВМКБ шоҳид ва даҳҳо наворҳои видеоӣ, ки ҳамчун далел дастраси мардуманд, далел мешаванд.

- Мо дар чаҳорчӯбаи қонунгузории Тоҷикистон масъулияти ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон дар куштори шаҳрвандон Гулбиддин Зиёбеков, Амиршоев Тутишо, Муродбеков Гулназар ва даҳҳо захмишуда аз тирқи яроқи оташфишон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ корро то тамоми зинаҳои болоии мақомоти қудратӣ, роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ва кумитаҳои дахлдори СММ ба роҳ мемонем. Тинҷиву амонии давлату миллат, якпорчагии ватани азизамон Тоҷикистон,  сулҳу суботи ҷомеа тартиботи ҳуқуқиву қонуният, баробарӣ дар назди қонун ва адолати судӣ марому мақсади мост,- мегӯянд дар муроҷиатнома.

Аммо Назарзода, бидуни ном бурдан аз ин гурӯҳ ва ё гурӯҳи дигаре, гуфтааст, ки чунин гурӯҳи ғайриқонунӣ бо маслиҳати пешакӣ ва талаби гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ фаъолият намуда, ҳатто бо таъкиди онҳо ҷиҳати даст кашидани вакилон аз фаъолияти вакилии худ тавассути фишору зӯроварӣ ва ба ҷойи онҳо таъин намудани интихоботҳои нав бо таҳдиди радди маърака намудан, даст доранд. 

Ӯ аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ талаб намудааст, ки нисбати чунин гурӯҳи шаҳрвандон чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба таъкиди номбурда ҷавононе ки дар рӯзҳои 25-28 даст ба ҷиноят заданд, бо хоҳиши худ ба тафтишот ҳозир шуданд ва нисбаташон сабукӣ пешбинӣ шудааст. 

Назарзода Шодӣ дар идома аз қазияи латукӯби сардори раёсати ВМКБ Лутфулло Наврӯзов ёдовар шуда, мегӯяд ин амали ғайириқонуни нисбати аҳли зиё, муаллим ва омӯзгорро шадидан маҳкум менамоянд. 

Дар охир, шаҳрдори Хоруғ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, раисони маҳаллаҳо, вакилони мардумӣ даъват намудааст, ки бо хотири тинҷии шаҳри Хоруғ бетарафу тамошобин набошанд ва барои таъмини фазои тинҷу ором ҷиддӣ муносибат ва корбарӣ намоянд.

Аммо намояндагони "Гуруҳи 44" дар муроҷиати ахири худ, рафти ҳодисаи рӯзи 25 ноябр-гузаронидани амалиёти мақомотро барои дастгир намудани Гулбиддин Зиёбеворо нақл мекунанд ва таъкид менамоянд, ки Зиёбеков дар натиҷа дар амалиёти мақомот дастгир нашуда, балки кушта шуд.

25.11.2021. Оғози эътирозҳо дар Хоруғ

Онҳо дар идома аз рӯи моддаҳои қонун дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дахлнопазир будани ҳаёти шахс бар асосии моддаи 18-и Конститутсия таъкид мекунанд. 

Онҳо аз изҳори норозигӣ мекунанд ки ин банди Конститутсияи Тоҷикистон нисбати кушташудагон поймол шудааст. Дар ин модда ба он таъкид мешавад, ки “...ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсони раво дида намешавад...”,- мегӯянд онҳо.

Ҳамин тариқ, дар идома мегӯянд, гирдиҳамоии 25-28 ноябри соли 2021 стихиявӣ ва дар натиҷаи ҳаяҷон рух додаанд, ки дар онҳо шаҳрвандон ҷон бохтанд ва оё дар Бадахшон ҷони одам ҳанӯз ҳам арзише надорад,-суол мегузоранд ин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ

- Мардум дар майдон ягон фикри ғасби ҳукуматро надоштанд, вале мутаассифона кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин масъалаҳоро баҳона карда, тирборон кардани мардумро сар карданд. Барои пешгирӣ намудан воситаҳои зиёди дигаре вуҷуд дошт. Онҳо бояд тибқи дастурамали низомӣ аз сипару дубинка, тирҳои резинӣ, гази ашковар, мошинҳои сухторшхомушкунӣ кор мегирифтанд,- мегӯяд яке аз муроҷиаткунандагон.

Нафари дигаре дар ин навор мегӯяд, ки дар ҷойи ҳодиса ҳеч намояндаи расмии ҳукуматӣ, раисони ноҳияҳову маҳалҳо ба пеши мардум наомаданд.

Ин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо зикри ин ки ба ҳеч гурӯҳи мухолифу сиёсие вобаста нестанд ва танҳо барои ба эътидол овардани вазъ дар маркази вилоят таъсис шудаанд, мегӯяд, барои фаъолияти онҳо дар ибтидо худи ҳукумат ҳам манфиатдор буд. Зеро дар замони эътирозҳо ҳеч қуввае пайдо нашуд то масълияти оддисозии вазъро ба дӯш бигирад.

Дар охир ин муроҷиаткунандагон аз саркашии мақомоти давлатӣ аз ҳамкорӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ёдовар шуда, таъкид менамоянд, ки аз рӯзҳои аввал аз тарафи кормандони ҳукумат монеагузориҳо сар зад ва баъдан масъулони ҳукуматӣ аз қабули онҳо худдорӣ карданд.

Онҳо дар охир аз мардумони манотиқи дигар ва тоҷикони бурунмарзӣ барои датсгирии маънавӣ изҳори сипос карда мегӯянд, ки дар ин рӯзҳо мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ва якдилиро нишон додаанд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.