Интиқоли сокинони осоиштаи Мариупол ба ҷои амн яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар мулоқоти дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ва президенти Укроин Владимир Зеленский буд.

Гутерреш рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарие бо раисҷумҳури Укроин дар Киев гуфт, барои берунории сокинон аз корхонаи муҳосирашудаи "Азовстал" аз сӯи низомиёни рус дар Мариупол ҳамаи талошҳоро анҷом хоҳад дод.

Вай ҳамчунин гуфт, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо ӯ ваъда додааст, ки намояндагони СММ ва Салиби сурх дар ҷараёни берунории сокинон иштирок хоҳанд кард.

Бино ба хабарҳо, масъулони СММ барои ташкили берунории сокинони Укроин ҳам дар шаҳри Москва ва ҳам дар шаҳри Киев гуфтугӯ мекунанд.

Гутерреш рӯзи 27-уми апрел, баъди мулоқот бо раисҷумҳури Русия, ба Киев рафт. Вай пеш аз мулоқот бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, дар Твиттер навишт: "Мо ба расондани ёриҳои башардӯстона ва берун овардани ғайринизомиён аз минтақаҳои даргирӣ идома хоҳем дод".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.