Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон як кӯдаки мактабхони синфи 2, пас аз лату кӯби як зани 25-солаи сокини ин шаҳр фавтидааст. Ин хабарро манбаъҳои гуногун ба "Азия-Плюс" таъйид карданд.
Ин ҳодиса рӯзи ҷумъаи 27-уми май сар задааст. Баъди лату кӯби кӯдак, гумонбар хонаро тарк карда, аммо ба ёрии таъҷили занг зада, вале кӯдак дар роҳ то беморхона фавтидааст.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” фавти ин хонандаи синфи 2-юми мактаби рақами 8- шаҳри Бохтарро таъйид кард.
“Гумонбар кӯдакро лату кӯб мекунад ва баъдан ба ёрии таъҷили занг мезанаду аз хона баромада меравад. Мутаасифона кӯдак дар роҳ то беморхона мефавтад. Гумонбар худ баргашта меояд. Айни замон дар боздошт қарор дорад. Ба эҳтимоли зиёд нисбати гумонбаршаванда, зани тақрибан 25-сола, бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад”,- гуфт манбаъ.
Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ин духтари 25-сола гуё ҳамчун арӯсшаванда дар ин хона зиндагӣ мекардааст. Падару модари кӯдак аз ҳам ҷудо шуда будаанду ӯ дар парастории падар монда будааст. Нигоҳу бини кӯдак ба ӯҳдаи ҳамин арӯсшаванда вогузор шуда будааст, ки дар вақти набудани падари кӯдак, ин зан ӯро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа кӯдак мефавтад.
Манбаъи мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тафсилоти бештар надод ва танҳо гуфт, ки тафтишоти ин парванда ба уҳдаи мақомоти милитсия вогузор шудааст. Ва шарҳи бештари ҳодиса баъди ба анҷом расидани тафтишот пешниҳод карда мешавад.
Бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” мусовӣ анҷом ёфт
Ронандае дар хатсайри №16 мусофиронро дар ҳайрат гузоштааст. Чаро?
Ҷавоне, ки ноболиғро латукӯб ва бо электрошокер мезад, дастгир шуд
Маъюбон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар нафақа мегиранд?
Дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон бо ризокорӣ машғул шуд?
Ҳар як 26 дақиқа 1 нафар Тоҷикистонро тарк мекунад
Рақамикунонӣ ва таҳкими низоми назорат ва ҷамъоварии маълумот баҳри беҳтар кардани таҳлили маълумот оид ба ваксинаҳои COVID-19
Нақшаи давъати ҳарбӣ дар Тоҷикистон иҷро нашуд?
Бобо Камоли Хуҷандӣ кӣ буд? Чаро то ҳол масҷиду мақбараи ӯро азиз медоранд?
Вуруди шаҳрвандони Афғонистон ба 16 вилояти Эрон мамнӯъ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста