Пас аз се рӯзи ғарқ шудан, ғаввосон ҷасади як навраси 13-соларо аз об берун кашидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар як изҳороте гуфт, сабаби марги наврас маълум нест, аммо тахмин задаанд, ки аз беназоратӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
Ҷасади беҷонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ба онҳо соати 15:25 дақиқаи рӯзи 26-уми май хабари дар дарёи Душанбе ғарқ шудани навраси 13-сола дар ҳудуди кӯчаи Нодираи шаҳри Душанбе расидааст. Бо гузашти се рӯз аз корҳои ҷустуҷӯӣ, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, рӯзи 28-уми май ҷасади наврасро аз умқи оби канал берун кашида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Гуфта мешавад, навраси ғарқшуда сокини 13-солаи кӯчаи Нодира, бинои 97-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо нашри ин хабар, аз сокинони кишвар хостааст, фарзандони ноболиғи худро танҳову беназорат нагузоранд.
Сабаби аксари ҳодисаҳои нохуше, ки дар он кӯдакон қурбони он мешаванд, кумита аз беназоратӣ донистааст.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста