Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” натиҷаи музокирот бо Абдукарим Олимбоев, раиси вилояти Бодканди Қирғизистонро, ки имрӯз дар пайи тирпарронии сарҳадбонони ду кишвар, барои ба эътидол овардани вазъ баргузор гардид, шарҳ дод.

Ӯ, ки бо мо вақти шом сӯҳбат мекард, гуфт, худи ҳозир музокироти ҳайати Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид ва вазъ ором буда, ҳолати қаблӣ баргаштааст.

“Натиҷаҳо хуб аст, боз ба ҳолати пештара баргаштем. Ҳозир ягон хел проблема нест, мардум осудаҳолона зиндагӣ карда истодаанд. Мо ҳамроҳи раиси вилояти Бодкент, мақомоти қудратӣ музокирот доштем ва дар натиҷаи он, ситоди вилоятӣ ташкил кардем. Сарҳад ором, тинҷ ва ба ҳолати пештара баргаштааст”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Номбурда афзуд, ҳамаи қувваҳои иловагии ба марзи ду кишвар интиқолёфта, айни ҳол бароварда шудаанд ва вазъ зери назорат аст.

Раиси вилоят бо сабаби бад будани мавҷи телефон оид ба натиҷаи музокирот шарҳи бештар надод ва гуфт, ӯ ҳоло дар марз аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Нерӯҳои марзбонии ин кишвар хабар медиҳанд, ки дар пайи музокироти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон созиш шуд, ки “намояндагони сарҳадӣ, бо мақсади назорати вазъ дар сарҳад, дар минтақаи Торт-Кочо мустақар мешаванд, ҳайати кормандони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои марзӣ дар мавзеи Торт-Кочо посбонӣ мекунанд, соати 19:30 дар мавзеи Торт-Кочо мулоқоти навбатӣ баргузор мешавад, ки дар он сарони отрядҳои сарҳадии тарафҳо ширкат мекунанд ва мулоқоти навбатии раҳбарияти ду вилояти марзӣ дар мавзеи Кӯксой баргузор мешавад”.

Музокирот байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди зуҳри имрӯз, 14-уми сентябр, пас аз чанд ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи ду кишвар, дар минтақаи бетараф миёни деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара ва мавзеи Каробоғи ноҳияи Бодканди Қирғизистон баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз, дар чанд минтақаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон байни марзбонони ду кишвар тирпаронӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи тирпаронӣ 2 марзбони тоҷик кушта шуда, 11 тани дигар, бо шумули 6 сарҳадбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани 2 сарбоз ва 2 сокини маҳаллӣ  хабар дод.

Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон субҳи имрӯз танҳо ҳодисаи якумро тасдиқ намуд ва бо пахши иттилоия гуфт, ки тақрибан соати 07:15, дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.

“Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед