Субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Қирғизистон ба отряди сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар иттилоияи Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ гуфта мешавад, ки “14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт”.
“Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Ҳамчунин, дар ин иттилоияи таъкид мешавад, ки “аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Исфара мегӯяд, тирпаронӣ то соати 09:00- и имрӯз идома дошт ва аз ҷониби Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва захм бардоштани низомиён ё аҳолии осоишта ба қайд гирифта нашудааст.
“Вазъият дар ин минтақа таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад”, - гуфта мешавад дар хабари шаҳрдории Исфара.
Чанд сокини маҳаллӣ низ бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то ҳол овози тирпарониро мешунаванд ва нерӯҳои зиёде аз маркази Исфара ба ҷамоати деҳоти Ворух меоянд.
“Саҳари барвақт ба мо хабар доданд, ки дар сарҳад эҳтиёт бошед. Ҳоло неруҳои зиёде аз самти Исфара ба ҷмоати деҳоти Ворух меоянд”, - гуфт яке аз сокинони маҳаллӣ.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи қирғизии “24kg” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонн хабар медиҳад, ки ҳодиса дар мавзеи Булоқ-Боши вилояти Бодканд рух дода, сарҳадбонони тоҷик аввал оташ кушоданд.
“Дар посух марзбонони Қирғизистон низ аз силоҳ истифода кардаанд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Манбаъ гуфтааст, ки аз ҷониби Қирғизистон қурбониён ва захмиён набуданд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки музокироти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Абдикарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистондар вилояти Бодканд барои ҳалли низоъ дар марз идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.





Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Доллар боло, вале рубл поин рафт. Таъсири ҷанг алайҳи Эрон ба қурби асъор дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста