Пас аз эълони ҳамин сол Русия ва Беларусро тарк кардан, ширкати Danfoss - таҳвилгари пешрафтаи ҷаҳонии технология ҳамаи амалиёти худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон) ва Арманистон ба Қазоқистон гузаронид. Ин кишварҳо айни замон аз лиҳози сохторӣ ба сифати воҳиди мустақил дар Осиёи Марказӣ (CAU) ба минтақаи Danfoss Туркия, Ховари Миёна ва Африқо (TMA) шомиланд. Ин барои ширкат иқдоми стратегӣ маҳсуб меёбад, зеро шуъбаҳои фурӯш, дастгирии мизоҷон ва гуруҳҳои техникӣ акнун дар Қазоқистон ҷойгиранд. Чунин стратегия ба ширкати сермиллати Дания имкон медиҳад, ки ба муштариёни худ пурсамар ва дар муддати нисбатан кӯтоҳ кумак расонад.

“Дар Danfoss мо ба мизоҷономон эътибор дода, ҳамаҷониба кушиш ба харҷ медиҳем, ки ба онҳо дар мавриди самаранокии истифодаи барқ дар соҳаи фаъолияти онҳо кумак расонем ва ба декарбонизатсия (карбонзудойӣ)-и онҳо мусоидат намоем. Дастаи мо дар Қазоқистон кори мунтазам ва эътимоднокии баландро барои ҳамаи мизоҷон дар самти симу ноқилҳо, ҳалли масоили марбут ба иқлим, пойгоҳҳои обкашии фишори баланд ва таҷҳизоти ҳисгаро (сенсорӣ) таъмин мекунад”, - изҳор дошт Зиёд Ал Бавализ, президенти минтақавии ТМА.

Ояндаи муҳандисии Осиёи Марказӣ

Шаҳрнишинӣ, рақамикунонӣ, барқрасонӣ ва тағйири иқлим дар ҷаҳон ҳамоно идома дорад, аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва декарбонизатсия дар саросари ҷаҳон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Ин мустақиман гувоҳи он аст, ки Danfoss мехоҳад барои мизоҷони худ дар ҷараёни гузаштан ба иқтисоди “сабз” - дар саросари дунё ва Осиёи Марказӣ шарики пешрафтаи технологӣ шавад.


Бино ба маълумоти Агентии байнулмилалии энергетикӣ, самаранокии истифодаи барқ зиёда аз 40%-и коҳишҳои марбут ба партобҳои энергетикиро, ки барои комилан расидан ба ҳадафҳои байнулмилалӣ дар соҳаи иқлим ва энергетика заруранд, таъмин месозад.

Хабари хуш дар он ифода меёбад, ки мо имрӯз аллакай роҳу воситаҳои ҳалли масъаларо дорем. Danfoss қарорҳоеро таҳия мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли мошинҳоро баланд карда, партобҳоро кам мекунанд ва истифодаи энергияро коҳиш дода, барқрасониро таъмин месозанд.

“Масъулияти экологӣ - ин илова ба тиҷорати Danfoss нест. Масъулияти экологӣ худаш тиҷорати мо буда, мехоҳем, ки мизоҷонамон дар Осиёи Марказӣ декарбонизатсияро аз лиҳози хароҷот оқилона ва сарфакорона дастгирӣ намуда, бетарафиро дар амалиёти худ таъмин кунанд”, - таъкид дошт Зиёд.

Дар бораи ширкати Danfoss

Danfoss қарорҳоеро роҳандозӣ мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли мошинҳоро баланд карда, партобҳоро кам менамояд ва истифодаи энергияро коҳиш дода, барқрасониро таъмин месозад.

Қарорҳои мо дар соҳаҳое чун сардсозӣ, софкунии ҳаво, низоми гармидиҳӣ, табдили энергия, идоракунии муҳарррикҳо, таҷҳизоти саноатӣ, таҷҳизоти автомобилӣ, баҳрӣ, инчунин ғайрироҳӣ истифода мешаванд. Мо ҳамчунин барои сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия, ба мисли энергияи офтоб ва шамол, инчунин зерсохтори энергетикаи ноҳиявӣ барои шаҳрҳо роҳҳои ҳал пешниҳод мекунем.

Ҳамчун шарики ҷаҳонии технологӣ, ки мавқеъҳои пешсафро дар ҷаҳон ишғол намуда, аз дониши амиқи корбурд ва инноватсияҳои устувор дар соҳаҳои асосии тиҷорати мо бархӯрдор аст, мо барои мизоҷонамон арзиш эҷод месозем:

• Danfoss Power Solutions – Қарорҳои комплексӣ дар соҳаи гидравликаи мобилӣ ва саноатӣ, интиқоли моеъҳо, таъминот бо барқ ва таъминоти барномавӣ;

• Қарорҳои марбут ба иқлими Danfoss – Қарорҳои устувор барои таъминот бо гармӣ ва хунуккунии биноҳо, таҷҳизоти яхдон, саноат ва зерсохтор;

• Симу ноқилҳои Danfoss – Қарорҳои экологии тоза, ба мисли симу ноқилҳои ҷараёни тағйирёбанда, модулҳои қуввадиҳандаи нимасимҳо ва таъминот бо барқ дар васлу ҷамъи автомобилҳо ва соҳаҳои гуногуни саноат.

Қарорҳои инноватсионии таҳиякардаи мо аз соли 1933 оғоз меёбанд. Danfoss ширкати муттаҳидест, ки дар он зиёда аз 40 000 нафар машғули коранд. Дар 95 корхонаи саросари дунё мо дар зиёда аз 100 кишвар ба мизоҷон хидмат мерасонем.

Маълумоти иловагӣ дар бораи ширкат инҷост: Danfoss — қарорҳои истифодаи пурсамари энергия ва инноватсионӣ барои соҳаи шумо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.