Ҳазорон зани эронӣ бо нишони эътироз ба нақзи ҳуқуқи занон ба хиёбонҳои шаҳрҳои бузурги Эрон баромада, бо шиори “Зан, зиндагӣ, озодӣ” талаби ҳуқуқҳои бунёдии худ карданд.

Дар оғоз онҳо бо талаби муҷозоти гунаҳкори марги Маҳсо Аминӣ, як ҷавондухтари эронӣ, ки бо иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз ҷониби пулиси ахлоқи Эрон дастгир шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади беҷони ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Теҳрон пайдо гардид, гирдиҳамоӣ намуданд, аммо рӯз аз рӯз бо афзоиши фишори мақомот, талаби онҳо низ бештар гардид.

Пас аз 13 рӯзи эътирозҳо онҳо дигар танҳо муҷозоти гунаҳкори марги Маҳсоро намехоҳанд, балки озодӣ, эҳтироми зан ва қатъи табъиз нисбати занонро талаб доранд.


Дар шаҳрҳои Эрон ва дигар давлатҳои хориҷӣ садҳо зани эронӣ бо нишони ҳамрайъӣ бо Маҳсо Аминӣ рӯсарии худро гирифта, мӯйҳои худро қайчӣ мезананд.

Мақомоти Эрон сардори пулиси минтақаеро, ки кормандони он Маҳсоро боздошт карда буданд, аз кор озод намуд, аммо ин оташи эътирозоти занонро хомӯш накард. Онҳо ҳамоно ба эътирози худ идома медиҳанд. Мақомоти интизомии Эрон бошад, талош дорад бо ҳар роҳ эътирози занонро пароканда намояд.

BBC бо такя ба созмони "Ҳуқуқи башари Эрон" навишт, ки то 27-уми сентябр, дар пайи кушиши парокандасозии эътирозгарон 76 нафар ба ҳалокат расид, ки 4 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

Вокунишҳо ба этирози занон

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар робита ба марги Маҳсо Аминӣ, як ҷавондухтари эронӣ, ки бо иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз ҷониби пулиси ахлоқи Эрон дастгир шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади беҷони ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Теҳрон пайдо гардид, вокуниш кард ва тақозо кард, ки “як ниҳоди мустақил ташкил шавад ва марги ӯ таҳқиқ гардад”.

Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар саҳифаи Твиттер навишт,  “тафтиши фаврӣ, беғаразона ва муассири марги хонум Маҳсо Аминӣ бояд аз ҷониби як ниҳоди мустақили салоҳиятдор анҷом дода шавад”.


“Ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии баён, ҷамъомадҳои осоишта ва иттиҳодияҳо бояд эҳтиром карда шаванд”, - таъкид дошт ӯ.

Пенни Вонг, вазири умури хориҷаи Австралия, низ аз дархости Антонио Гутерриш барои таҳқиқи фаврӣ ва мустақили марги Маҳсо Аминӣ ҳимоят карда, гуфт, “тарафҳои масъул бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Ӯ таъкид доштааст, ки ҳукумати кишвараш аз занон ва духтарони эронӣ барои барқарории адолат пуштибонӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ҳуқуқи башари Вазорати умури хориҷаи Олмон, дар баёнияе аз саркӯбии эътирозҳо аз ҷониби ҳукумати Эрон изҳори нигаронӣ карда ва аз идомаи таҳримҳо ба ин кишвар хабар додааст.

“Ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба таври возеҳ садои худро баланд кунанд ва саркӯбиву хушунатҳои аз ҷониби нерӯҳои амниятии Эрон истифодашударо маҳкум намоянд. Олмон фишорро давом медиҳад”, - афзудааст дар баёния.

Аз сӯйи дигар, гурӯҳе аз эрониёни Канада дар номае ба унвони нахуствазир ва раҳбарони аҳзоби сиёсии ин кишвар таъкид кардаанд, ки Канада бояд аз мардуми Эрон дар баробари “зулмҳои режими исломӣ” ҳимоят кунад. Дар ин нома онҳо як қатор талабҳо, аз ҷумла, дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ҷой додани “Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ”-ро матраҳ кардаанд.

Ҳамчунин, гурӯҳе аз донишмандон, нависандагон ва рӯзноманигорони эронӣ дар номае ба дидори Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо Иброҳим Раисӣ эътироз карда ва ба раисиҷумҳури Фаронса пурсон шудаанд, ки “оё  шумо ҳам маҳкум мекунед?”.

Ёдовар мешавем, тазоҳуроти мардумӣ аз он бархост, ки Маҳсо Аминии 22-сола, рӯзи 12-уми сентябр ба иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоби комил аз тарафи пулиси ахлоқи Эрон дастгир шуд ва баъди се рӯз дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Тешрон дар ҳолати беҳушӣ ёфт шуд. Ӯ дар ниҳоят аз олам даргузашт.

Журналистони “IranWire” бо далелҳо собит карданд, ки марги Маҳсо Аминӣ натиҷаи лутукӯби пулис будааст, аммо пулис сабаби маргро ногаҳон аз кор мондани қалби ин зан шарҳ медиҳад.

Навори боздошти ин зани эронӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боиси қиёми мардум, махсусан занони эронӣ гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.