Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз бинои муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода” оғоз гардид.

Бинои мактаб аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад.

Пас аз боздид аз мактаб, президенти кишвар ба Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшид.


Хоҷагии деҳқонии “Ислом” дар деҳоти Ҷура Раҳмонов ҷойгир буда, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.

Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти ба номи Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои сардхонаи Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро мавриди истифода қарор дод.


Сардхона бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” Ориф Камолов дар масоҳати 0,30 гектар замин бунёд карда шудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз боғи ангури навъи “Шоҳона”-и Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур,  шинос шуд.

Дар хоҷагӣ парвариши ангури навъи “Шоҳона” дар масоҳати беш аз 50 гектар ба роҳ монда шуда, ин навъи ангур ба обу ҳавои минтақа мутобиқ аст.


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар дар шаҳри Турсунзода дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 ба номи Камолиддин Мадумаровро ба истифода дод.

Бинои нави таълимӣ бо тарҳи муосир барои 1300 нафар хонанда дар ду баст бунёд ёфтааст.

Иншооти нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фани химия, физикаю биология бо озмоишгоҳҳо, математика, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат мебошад.

Дар шаҳри Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуд.


Хоҷагии деҳқонии “Ватан” соли 2008 таъсис ёфта, дорои 45 гектар замин мебошад.

Хоҷагӣ 165 нафар саҳмдоронро сарҷамъ намуда, дар токзори он 10 намуд, асосан ангурҳои навъи “Президент”, “Истиқлол”, “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак” ва “Кишмиши сиёҳу сафед” парвариш карда мешавад. Бояд гуфт, ки аз соли 2020 дар Хоҷагии деҳқонии “Ватан” парвариши навъи нави ангури “Президент” ба роҳ монда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.