Мақомоти Тоҷикистон аз нияти ҳамасола таъсис додани 100 ҳазор ҷойи нави корӣ хабар доданд. Аммо коршиносон мегӯянд, дар шароити феълӣ бо кор таъмин кардани ин теъдод одам дар кишвар ғайриимкон аст.

Шаҳроз Мелиев, сокини 34-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, моҳи майи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад. Дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, дар як ширкати ғарбӣ кор мекард, аммо пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо ширкат фаъолияташро дар Русия қатъ намуд.

Мелиев шурӯъ аз соли 2010 барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафт. Аввалҳо дар сохтмон кор мекард, аммо соли 2016 имкони фаъолият дар як ширкати ғарбиро ба даст овард.

“Дар анбор кор мекардем ва фаъолият мисли корхонаи давлатӣ буд: 11 моҳ кор ва як моҳ рухсатӣ доштем”,-мегӯяд Мелиев.

Баъди баста шудани ширкат Мелиев барои таҳияи асноди гуногун, ки барои иқомати қонунӣ дар Русия лозим аст, маблағи зарурӣ пайдо карда натавонист (тақрибан 20-25 ҳазор рубл – ҳудуди 410 доллари амрикоӣ). Инчунин мебоист ӯ ҳар моҳ барои патент беш аз 5 ҳазор рубл (тақрибан 80 доллар) пардохт кунад.

“Аммо ман ин миқдор пул надоштам. Ширкат ногаҳон аз кор монд, ман бошам тамоми пуламро ба Тоҷикистон фиристода будам”,-мегӯяд Шаҳроз Мелиев.

Ӯ маълумоти олӣ надорад ва ҳоло дар масири Душанбе-Айнӣ ронандаи таксӣ шуда кор мекунад.

“Ду духтару як писар дорам, волидонам бо мо зиндагӣ мекунанд. Вақте дар Русия будам, дар як моҳ ҳудуди 40-45 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 740 доллар) ба даст меовардам, ки 80 дарсадашро ба Тоҷикистон фиристода, боқимондаашро барои эҳтиёҷоти худам сарф мекардам. Он вақт маошам барои зиндагӣ басанда буд”, - таъкид мекунад Мелиев.

Акнун вай пули кофӣ надорад. Рӯзона ду маротиба дар масири Айнӣ-Душанбе-Айнӣ мусофир мекашонад. Аммо пули ба даст овардааш асосан барои бензину харҷи роҳ сарф мешавад.

“Дар як моҳ ба ҳисоби миёна 1000-1200 сомонӣ (тақрибан 100-120 доллар) даромад мешавад, ки барои як оилаи иборат аз 7 нафар хеле кам аст”, - илова мекунад Шаҳроз.

Бо маслиҳати дӯстон тасмим гирифтааст барои сафар ба муҳоҷират, ин бор ба Қазоқистон маблағ ҷамъ кунад.

-Ҳоло бештари онҳое, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ё онҷо бе кор мондаанд, Қазоқистон мераванд. Баъзе дӯстони ман аллакай он ҷо ҳастанд. Мегӯянд, кору маош хуб аст. Маблағи таҳияи асноди иқомат низ кам буда, патент талаб намекунанд. Ният дорам, давоми чанд моҳи наздик ба Қазоқистон сафар кунам. Дар Тоҷикистон бо ронандагӣ намешавад даромади зиёд ба даст овард”,-гуфт Мелиев.

Муҳоҷират ба Русия афзоиш меёбад

Русия самти аслии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо вуҷуди таҳримҳои Ғарб дар пайи шурӯи ҷанг дар Украина, теъдоди муҳоҷирони тоҷик, ки ба Русия рафтаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 26 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давоми шаш моҳи соли 2022 беш аз 322 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст. Дар ҳамин давра 412 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт ва ҳамроҳи хонаводаҳояшон кишварро тарк кардаанд.

Ширин Амонзода
Акс аз asiaplustj.info/ru

Ҳоло 90 дарсади муҳоҷирони тоҷик барои кор Русия ва 5 дарсад ба Қазоқистон мераванд.

Ба омори расмӣ давоми шаш моҳи соли равон 240 ҳазору 596 муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба Ватан баргаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 баробар бештар мебошад.

Ва ин дар ҳолест, ки пас аз оғози амалиёти ҳарбии Русия алайҳи Украина, ба далели таҳримҳои шадиди кишварҳои ғарбӣ, даҳҳо ширкат дар Русия аз фаъолият бозмонд.

Ширин Амонзода дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи таъсири таҳримҳои зидди Русия ба шуғли муҳоҷирони тоҷик танҳо гуфт, “ҳамагуна ҳолатҳои буҳронӣ аз тарафи мутахассисон омӯхта мешавад”.

“Бо ҳадафи ҳалли буҳрони навбатӣ бо мақсади дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва таъмини оилаҳои онҳо дар назди Вазорат Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд таъсис дода шудааст. Соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии кишварҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ истифода мебаранд, бо мақсади коҳиш додани шиддати ҳама гуна таҳримҳо ва ҳама гуна оқибатҳои буҳрон маблағҳои муайян ҷудо мекунанд”,-қайд мекунад Ширин Амонзода.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ – “Ҷанг дар минтақа” – вобаста ба Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки “ҳамлаи Русия ба Украина сабаби 2 дарсад коҳиш ёфтани рушди иқтисод ва 40 дарсад кам шудани пули интиқолии муҳоҷирон дар соли 2022 хоҳад шуд”.

Аммо яке аз масъулони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба CABAR.asia гуфт, ин ниҳод қаблан бозгашти густурдаи муҳоҷирони тоҷик ба Ватанро бар асари таҳримҳо пешбинӣ карда, ҳамроҳ бо шарикони рушд барои таъмини ин афрод бо ҷойи кор омодагӣ мегирад.

“Хушбахтона, ҳанӯз ин чиз рӯй надодааст. Имсол теъдоди ихроҷи муҳоҷирон аз Русия ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ ба Ватан низ афзоиш ёфтааст”,- афзуд намояндаи вазорат.

Консепсияи шуғли босамар

Охирҳои моҳи майи соли равон дар кишвар “Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040” қабул шуд. Бар асоси ин санад, то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон метавонад 11,5 миллион нафарро ташкил бидиҳад ва ҳамасола таъсиси 100 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар аст.

Вазир Ширин Амонзода ба суоли хабарнигори CABAR.asia дар бораи чӣ гуна таъсис шудани ин миқдор ҷойи кор дар як сол посухи мушаххас надод. Вай танҳо гуфт, Консепсия ба хотири қонеъ кардани ниёзҳои бозори меҳнат дар шароити муоссир бо назардошти рақамисозӣ ва истифодаи бештари зеҳни сунъӣ таҳия мешавад.

“Бинобар ин, гуруҳи кории дар Вазорат фаъолиятдошта дар самти таҳияи лоиҳаи аввалин барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон бо мақсади фарогирии ин ҷанбаҳо – омодасозии босамари захираҳои меҳнатӣ ва таъмини бозори меҳнат бо қувваи корӣ, ки ба талаботи марҳилаи кунунии индустриализатсия мувофиқат мекунад, кор мебарад”,- мегӯяд Амонзода.

Ба гуфтаи вазир, муҳимтарин нуктае, ки дар консепсия ба назар гирифта шудааст, “риояи шарикии иҷтимоӣ байни давлат ва шарикон” мебошад.

Ба таъкиди вай, 100 ҳазор ҷойи корӣ, ки ҳамасола таъсис додани он дар назар аст, бояд ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад.

“Дар доираи ин консепсия ба миқдор ва сифати ҷойҳои корӣ афзалият дода мешавад”,-иброз дошт ӯ.

Ҳадафи аслии қабули ин санад иҷрои “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” аст, ки рушди кишварро аз рӯи ду сенария – индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ мекунад.

Ҳуҷҷат ба панҷ самти калидии сиёсати давлатӣ дар бахши шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ таъкид мекунад:

– густариши заминаҳои шуғли пурмаҳсул;

– дониш ва малака, технология ва имкониятҳои шуғли судманд;

– рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои кории судманд;

– институт ва барномаҳои бозори меҳнат;

– шарикии иҷтимоӣ.

Дар Консепсия зикр мегардад, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ асосан ба мардони деҳот хос мебошад ва ин раванд идома дорад.

Бахши аъзами муҳоҷирони меҳнатиро ҷавонони 15-29 сола ва шахсони 30-39 сола ташкил медиҳанд, ки дорои маълумоти умумӣ ҳастанд. Дар баробари ин, ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатии дорои маълумоти касбӣ коҳиш меёбад.

Ба иттилои муаллифони ин санад, бештарин ҳиссаи муҳоҷирони корӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон рост меояд.

Онҳо бар ин назаранд, ки моҳияти стихиявии муҳоҷирати меҳнатӣ самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоиро коҳиш медиҳад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар дохили кишвар аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла корхонаҳои хурду миёна ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.

Мутахассис шубҳа дорад

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон борҳо аз нияти таъсиси ҷойҳои нави корӣ хабар додаанд, аммо вазъ тағйир наёфтааст. Аҳолӣ наметавонад дар дохили кишвар барои худ ҷойи кор пайдо кунад ва ҳарчӣ бештар ба муҳоҷират меравад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки солона таъсис додани 100 ҳазор ҷойи нави корӣ тақрибан ғайриимкон аст.

Шуҳрат Латипов, коршиноси умури муҳоҷират дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, тибқи барнома ва стратегияҳои рушд, ҳукумат набояд ҷойҳои корӣ эҷод кунад, балки дар таъсиси онҳо мусоидат намояд. Барои ин бахшҳои зиёди иқтисод, махсусан Кодекси андоз ниёз ба ислоҳот доранд.

Шуҳрат Латипов
Акс аз бойгонии хусусияш аст.

“Қадами баъдӣ – истифода ва татбиқи технологияҳои нав мебошад, ки рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро нисбат ба маҳсулоти воридотӣ таъмин менамояд. Ин ҳам ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад”, -мегӯяд Латипов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷойҳои корро ба ду гуруҳ тақсим кардан лозим аст: доимӣ ва мавсимӣ.

“Агар аз ин 100 ҳазор ҷойи корӣ ҳадди ақал 50%-и он доимӣ бошад, пас метавон гуфт, ки барномаҳо натиҷаҳои хуб медиҳанд”,-афзуд Шуҳрат Латипов.

Аммо коршинос бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ солона таъсис додани 100 ҳазор ҷойи кори нав хеле мушкил аст.

Ба гуфтаи ӯ, омилҳои воқеие вуҷуд доранд, ки бояд ба назар гирифта шаванд. Якум, таъсири пандемияи коронавирус ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва бахусус иқтисоди Тоҷикистон. Дуввум, таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, ки табодули коло ва маҳсулотро миёни кишварҳо мушкил карда, иқтисоди ҷаҳониро ба буҳрони амиқ кашид.

“Ҳар барнома ва стратегияи рушд мутобиқи омори расмӣ, ки мақомоти маҳаллӣ ба мақомоти марказӣ пешниҳод мекунанд, коркард мешавад. Бар асоси омори расмӣ ва гузоришҳо дар бораи рушд, мисле ки барнома амалӣ мешавад. Аммо тавре мебинем, он қисман амалӣ мешавад ва ё рӯи коғаз боқӣ мемонад”,- таъкид мекунад коршинос.

Дар пасманзари таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ва таъсири он ба муҳоҷирони корӣ, ки бо гузашти вақт ба Тоҷикистон бармегарданд, Шуҳрат Латипов ҳарчӣ зудтар бознигарии самтҳои муҳоҷирати кориро пешниҳод мекунад. Чунки вобастагии шадид аз Русия на танҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, балки ба иқтисоди кишварҳои ҳамсоя низ таъсири манфӣ мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, барои таҳлили вазъи иқтисодӣ бояд коршиносони мустақили дохиливу хориҷӣ ҷалб карда шаванд, то таҳлил шаффоф, мунсифона ва фаҳмо бошад, омори расмии пешниҳодкардаи мақомоти маҳаллӣ ба таври дақиқ санҷида шавад.

“Барномаи зиддибуҳронӣ бояд қабул шавад, то ширкат ва соҳибкороне, ки бар асари пандемия ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия фаъолияташонро қатъ кардаанд, кумакҳои молӣ (мисли дигар кишварҳо) ва имтиёзҳои андозӣ дарёфт кунанд”,- илова намуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, бояд сари масъалаи монополияҳои мавҷуда дар иқтисод кор кард, зеро бояд иштироки озодонаи ҳамаи ширкатҳо дар иқтисоди кишвар таъмин карда шавад.

“Дар ниҳоят, фасодро дар сатҳи маҳаллӣ решакан кардан лозим аст, зеро ин ҳам монеаи рушди иқтисод ва сабаби пайдо шудани монополистҳои маҳаллӣ мегардад”,- хулоса кард коршинос.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.