Муҳоҷират ин тасмими бисёр ҷиддӣ аст. Аслан ба муҳоҷират то синни 40 солагӣ ва ё аз ҳама дер то 45 бояд рафт, ба хусус агар Шумо мехоҳед барои доимӣ дар давлати дигар зиндагӣ кунед. Дар синни аз 45 боло ҷараёни муҳоҷират каме сахттар паси сар мешаванд. Аслан ҳар як муҳоҷир то панҷ сол барои ҷо ба ҷо шудан дар давлати нав вақт сарф мекунад. Баъд аз панҷ сол дигар як бахши он ҷомеъа мешавед. Ба хусус дар Амрико, ки аксари харидҳо тавассути қарз ва шартномаҳо сурат мегиранд, Шуморо барои муддати тӯлонӣ пойбанди ин кишвар мекунад.

Аммо агар тасмими ҷиддӣ гирифтеду 100 дарсад розӣ шудед, ки ҷойи зистатонро иваз кунед, пас дар муқоиса бо Русияву кишварҳои собиқ шӯравӣ ва як қисмати Аврупо, Амрико ҷойи хуб аст. Ҳатто фикр накунед ва ба грин корт супореду дуо кунед, ки гузаред. Дар инҷо агар Шумо нерӯ ва хоҳиши кор доред, кор меёбед. Аз ҳама мушкил дар рӯзҳои аввал дарёфти хона аст ва пайдо кардани кор. Кадом намуди коре набошад, онро бояд бигиред зеро оҳиста-оҳиста кори беҳтар ва ба дилатон наздикро меёбед. Албата инҷо ҳеҷ кас моро интизор нест. Тамоми обруву нуфузу ҷоизаҳои байналмилалӣ ҳамааш муддате як тараф меистанд ва вазифаи асосӣ зинда мондан ва мутобиқ шудан мешавад. Барои одамони эҷодкор ин давра каме дарднок аст, аммо барои муҳоҷирони дар Русия рӯзи сиёҳ дида, баръакс гузариш ба биҳишт ҳисоб мехурад. Ба ҳар сурат, дар инҷо тоҷи зарринро аз сар як тараф гирифта, аз паси кор мешавед.

Акс: 3.bp.blogspot.com

Маош ба таври миёна аз 15 то 25 доллар дар як соат пардохт мешавад ва агар ду нафар дар як ҳафта 40 соат кор кунанд, ин барои зиндагӣ пурра мерасад ва боз пасандоз мекунед. Маблағи иҷора аз 1400 то 1800 доллар барои як моҳ дар хонаи як хонагӣ аст. Якхонаҳои Амрико ҳисоби духонагии Шӯравӣ аст. Сарфи нақлиёт, телефону интернет ва барқ иловатан 500 доллари дигар аст. Боз 500 доллар барои ғизо шояд сарф шавад. Дар моҳҳои баъдӣ сарфи ғизо мувофиқ ба хоҳиш боло меравад.

Муҳоҷират дар Амрико чӣ бадиву хубӣ дорад?

Камбудӣ:

1. Инҷо кор доимӣ нест. Дар тули зиндагӣ мешавад, ки чандин ҷойи корро иваз мекунед;

2. Низоми тандурустӣ каме печида аст;

3. Бе мошин аз ҷое ба ҷое рафтан сахттар аст, чун шаҳрҳо хеле калонанд;

4. Бисёр чиз ба тартибот сахт вобаста аст, баъзан одамон мисли робот амал мекунанд;

5. Дар Ню-Йорк нонхӯрак (таракан), муш ва кана зиёд аст, бояд эхтиёт шавед;

6. Банг озод дар Ню-Йорк фурӯхта мешавад ва шаҳрвандони собиқ кишварҳои Шӯравӣ ҳам хеле зиед мӯътоди он ҳастанд;

7. Инҷо иҷоранишин ҳастед. Ба қавле пул дар ҳаво. Бояд талоши харидани хонаи худро кард.

Акс: lifesmilegoess.ru

Хубиҳо:

1. Озодӣ. Ҳеҷ кас ба касе кор надорад. Танҳо тоҷикону ӯзбекону ҳамон мардуми шуравӣ дар ин ҷо ҳам ба сару либосу намуди зоҳирии ҳамдигар кордоранд. Барои мардуми оддӣ ин аҳамият надорад. Ман боре “шорти” пӯшидам, як ҳамсояи душанбегиамон ба ман эрод гирифт. Баъдан фаҳмидам, ки дар як маърака “шорти”-и маро таҳлил кардаанд;

2. Хонаҳо хеле гарм, рӯшан аст. Тозагиро риоя кунед, хеле роҳатанд. То суд қарор набарорад, ҳеҷ кас шуморо аз хона пеш намекунад;

3. Милиса ҳар қадам шуморо бе асос тафтиш намекунад. Агар қонун ё тартибот вайрон кардед ба Шумо мефаҳмонанд. Зимнан милисаи инҷо воҳимаро дӯст медорад. Дар як дам юву-юв кард, милисаҳои зиёд ҷамъ мешаванд, якбора мошини оташнишон ва ёрии таъҷилиро ҳам бо худ меоранд;

4. Дар охири сол агар даромади Шумо аз меъёри зиндагии сокинон кам бошад, давлат ба Шумо барои тарбияи кӯдакон ёрдампулӣ медиҳад. Барои ҳар як кӯдак то 3500 доллар барои як сол;

5. Мактабҳо хеле хубанд ва бо падару модар ҳамкории зич доранд. Кӯдакон мактабро инҷо хеле дӯст медоранд ва ҷойи бисёр дӯстдоштаниашон аст. Дар мактаб 2 вакт хӯроки ройгон медиҳанд;

6. Инҷо қариб ки гуруснагӣ нест. Чизе хоҳед мехаред ва мехӯред. Либос фаровон, ба ҳар нарх. Аз 1 доллар то 20 000 доллар. Дуруст аст, ки рӯзҳои аввал ҳатто барои харидани кофе шахсро ваҳм фаро мегирад. Як финҷон қаҳва 5 доллар, ин 50 сомонӣ аст! Аммо баъдан арзиши хариди Шумо аз 10 то 1000 долларо ташкил медиҳад ва ин “it's ок” мешавад;

7. Муҳоҷирон дар муддати кӯтоҳ сарватманд мешаванд ва аз тарзи пӯшиши либос ва суханрониашон аллакай вазъи иҷтимоии онҳоро мешавад муайян кард;

8. Барои камбизоатҳо табобат ройгон аст.

Акс: i.pinimg.com

Танҳо ба худ умед бандед

Бисёр ноодамҳо агар ноодамӣ кунанд, баҳона мекобанд, ки “инҷо Америка аст”. Ман ба онҳо мегӯям, “рӯята сиёҳ кардӣ”. Аслан ин хел ноодамон дар ҳамон ватани худ ҳам фиребгару қаллобу иғвогару рӯсиёҳ буданд ва инҷо омада бадтар мешаванд.

Дар инҷо ба умеди ҳеҷ кас шудан лозим нест, дуруст аст, ки одамон вақт надоранд. Аммо мутаассифона маҳалгароии ҷамъияти тоҷикон дар инҷо ҳам дида мешавад. Дар аксари ҳолат агар ягон ҳаммаҳали муваффақ надошта бошед, ҳеҷ кас кӯмак ҳам намекунад, барои ҳамин танҳо ба умеди худ бояд буд. Аксаран бисёриҳо воҳима ва намоиши дороӣ мекунанд, ки аз он ба Шумо як тин ҳам фоида нест. Агар мабодо доданд, ҳам даҳ маротиба акс гирифта ба ҳама намоиш дода, онро қарз медиҳанд.

Баъзе одамони хайрхоҳ ҳастанд, аммо онҳоро ҳам қаллобону иғвогарон аз хубӣ кардан пушаймон кардаанд. Гурӯҳи дигар бо ин вуҷуд ба одамони навомада дасти кӯмак мерасонанд.

Лекин бо ин ҳама наздик ба ҷамъияти худ зиндагӣ кардан хубиҳои зиёд дорад. Одамони нағз ва дӯстони хуб кам нестанд.

Аз ин ки ситораву дурдонаҳои ҷомеъаҳои аксари ҷаҳон дар Амрико зиндагиашонро аз саҳифаи холӣ шурӯъ мекунанд, ин дарди давлатҳои онҳост, ки ин сарватҳои зеҳнии худро нигоҳ дошта натавонистанд. Бархе аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, ҳарчанд худ душвориҳои зиёдро паси сар мекунанд, аммо шуғли дигаронро тамасхур карда, бо ин тариқ норасоии равонии худро комил месозанд. Ё ин ки худ тавони иқдоми муҳоҷиратро надоранд ва бо таҳқири шуғли онҳо мехоҳанд бартарии худро нишон диҳанд. Мисли оне, ки чанд вақт пеш дар матбуот гузорише нашр шуд, ки гӯё тоҷикони Амрико ба шустани ташноб машғуланд. Мисли ҳамон овозаҳое, ки дар бораи боркашии устод Бозор Собир ба Душанбе рафта буд. Хулоса муҳоҷират чандон мояи ифтихор нест ва Худо осоиши равониро ба ҳар кас дар Ватанаш диҳад. Аммо агар баногоҳ ҳавои он бароятон тангӣ мекунад ва мехоҳед ба сафар бароед, инҷо ҷойи бад нест.

Зимнан фарзандону хешу табори аксари мақомдорони кишвари мо ва кишварҳои дигар низ хапу дамак инҷо зиндагии шоиста доранд ва аз имконоти ҷомеъаи демократӣ ва кишвари озод лаззат мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.