Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад.

"4 октябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст", - навиштааст манбаъ.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қаюмов К.М. ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ афзудааст, ронандаи автомашинаи дигари тамғаи «Опел-Астра», Зулфонов О.Н. ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.