Имрӯз, 6-уми октябр, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон  оғоз шуд.

Дар ин мусобиқа 563 варзишгар аз 85 давлат ширкат мекунанд. Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

Эмомалӣ Нуралӣ  дар вазни то 66кг;

Беҳрӯз Хоҷазода  ва Муҳаммадраҳим Сарахонов  дар вазни то 73кг;

Шодмон Ризоев  ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг;

Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён  дар вазни то 90кг;

Абӯбакри Акобир дар  вазни  то 100кг;

Темур Раҳимов дар вазни  +100кг.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур то 13 октябр идома хоҳад кард.

Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26000 евро, барои ҷои дуюм 15000 евро ва барои ҷои сеюм 8000 евро пешбинӣ шудааст. Дар рақобати даставии омехта ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷои дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25000 евро тақдим хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Тошканд барои варзишкорони тоҷик макони мувофиқ ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷо солҳои қабл ҷудокорони тоҷик чандин нишон ба даст оварда буданд. Аз ин лиҳоз, ин бор низ интизории мухлисони варзиш аз ҷудокорони тоҷик зиёд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.