Дилбар Сайфутдинова, як сокини шаҳри Турсунзода, бо гуноҳи дар ҳолати мадҳушӣ ба қатл расонидани тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов 9 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Дилбар Сайфутдинова дар ҳолати сархушӣ шаби 11-уми июн бо мақсади ба қатл расонидан ба хонаи тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдинов, ки танҳо зиндагӣ мекард, меравад. Ҷаҳонгир Сайфутдинов низ дар ҳолати сархушӣ қарор дошт ва аз ин фурсат истифода намуда, Дилбар Сайфутдинова бо дасти росташ як зарбаи сахт ба рӯи тағояш мезанад, ки дар ниҳоят номбурда ҳангоми ғалтидан сараш ба дари ҳоҷатхона бархӯрда беҳуш мешавад”, - менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, Дилбар Сайфутдинова барои анҷом додани қасди худ тағояшро, ки аллакай муқобилият нишон дода наметавонист, бо гузоштани пойи росташ ба гулӯи ӯ, буғӣ карда, ба қатл расонидааст.

Пас аз ин, қотил бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади тағояш Ҷаҳонгир Сайфутдиновро ҳамон рӯз ба қолини дар ҳуҷра буда, печонида, онро бо автомашинаи тамғаи “Дэу-Матиз, ба маҳаллаи 4 бинои 20 хонаи 39-и шаҳри Турснузода, ки дар он манзил бо модараш Дилрабо Сайфутдинова ҳамчун иҷоранишин зидагонӣ мекард, интиқол медиҳад.

Гуфта мешавад, Дилбар Сайфутдинова бардурӯғ баҳона пеш овардааст, ки гӯё тағояш бинобар сӯйистеъмоли микдори зиёди нӯшокии спиртӣ ба ҳалокат расидааст.

Тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ ин ҳолатро ошкор намудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 7-уми сентябр шаҳрванд Дилбар Сайфутдинова дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиятии ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.