Ин варзишгари номии тоҷик аз рӯзҳои аввали ба ин навъи варзиш таваҷҷӯҳ кардани худ ёд карда, мегӯяд, ки тасодуфан ба пауэрлифтинг ворид шудааст.

“Ман аз назди толори фитнес мегузаштам ва хостам як даромада бинам. Дарун даромадам ва дидам, ки Толеъ Холназаров (пауэрлифтери маъруфи тоҷик, - эзоҳ аз муҳ.) он ҷо тамрин мекунад. Дарҳол ба ман ин варзиш писанд омад, Холназаров маро барангехт - ман мехостам мисли ӯ шавам. Ва ҳамин тавр мо бо ӯ тамринро оғоз кардем”, - мегӯяд ӯ.

Баъди як сол ӯ дар чемпионати Душанбе оид ба пауэрлифтинг ҷойи аввалро гирифт. Минбаъд - бештар: чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон ва Аврупо оид ба пауэрлифтинг ва ягона мутахассиси кишвар, ки Мактаби бодибилдинг ва фитнеси ба номи Бен Вейдерро хатм кардааст.

Ҳоло ӯ дар яке аз фитнес клубҳои маъруфи пойтахт дарс медиҳад - пауэрлифтерҳо ва бодибилдерҳои ҳақиқиро омода мекунад, ба одамон барои расидан ба бадани орзуяшон кӯмак мекунад.

Дасташ шикаст, маҷрӯҳ шуд, вале ҳамеша ба сӯи ҳадаф мерафт ва ба он мерасид. Чӣ тавр Юсуф шикаст нахурд, чигуна душвориҳоро паси cap кард — қиссаи навбатии мо!

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!

Сарпарасти кулли лоиҳа ширкати букмекерии 1XBET мебошад.

Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ бонус то 1430 сомонӣ гиред!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.