USAID ва Фонди Оғохон дар доираи барномаи муштараки “Шукуфоии Тоҷикистон” се шабакаи оби нӯшокӣ ва ду ҳоҷатхонаи мактабиро дар се деҳаи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба истифода доданд. Шабакаи оби нӯшокӣ ҳудуди 800 хонаводаро (бештар аз 3,600 нафар) бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мекунад ва ҳоҷатхонаҳои мактабӣ ба 700 хонандаи мактаб ва омӯзгорон шароити муносиби беҳдоштӣ фароҳам меорад.

Ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон, аз ҷумла Носири Хусрав таъминкунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ, яъне таъминкунандаи сабади нони Тоҷикистон, мебошанд. Аммо, аксарияти деҳаҳои ин минтақа тайи даҳсолаҳо бо камбуди шадиди оби нӯшокӣ ва обёрӣ рӯ ба рӯ буданд, ки барои зарфияти истеҳсоли ҳаддиаксарӣ монеа эҷод мекард. Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар ҳамкории наздик бо Фонди Оғохон, Агентии Оғохон оид ба макони зист, идораҳои давлатии маҳаллӣ ва сокинон ба ҳалли норасоии об кӯмак карданд.


“Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” барномаи панҷсола (2018-2021)” – яке аз чандин барномаҳои ҳамкории байни USAID ва Фонди Оғохон мебошад. Ин барнома бо ҳадафи боло бурдани сифати зиндагии сокинони 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар марзи Афғонистон, амалӣ мешавад.

Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” то имрӯз дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Панҷ, Қубодиён, Роштқалъа ва Шаҳритус 10 шабакаи оби нӯшокӣ ва 9 ҳоҷатхонаи мактабиро сохтааст, ки 26,357 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намуда, барои 5,642 нафар шароити беҳдоштии муносиб фароҳам овардааст. Ин сокинон, қабл аз сохта шудани шабакаи оби нӯшокӣ, оби чоҳҳо, дарёҳо ва каналҳоро истифода мебурданд, ки аксар вақт боиси пайдо шудани бемориҳои бо об гузаранда мешуд.


Дар доираи барномаи мазкур, дар маҷмӯъ 14 шабакаи оби нӯшокӣ сохта хоҳанд шуд, ки 41 000 нафар аз он истифода мекунанд ва 14 ҳоҷатхонаи мактабӣ барои бештар аз 8500 хонандагони мактаб ва омӯзгор хидмат хоҳад кард.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти идоракунии муассир, рушди иқтисодӣ, беҳбуди омӯзиш, тандурустӣ, амнияти ғизо ва вусъати робитаи иқтисоди минтақаӣ фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар ба сомонаи USAID Тоҷикистон  https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ cар бизанед.


Фонди Оғохон бо ҳадафи сармоягузории дарозмуддат, таъсиси ниҳодҳои доимӣ ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандии фаъол бо мардум, созмонҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ ва роҳбарони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунад. Кори мо бар боло бурдани сифати зиндагии мардум ва коҳиши фақр тамаркуз мекунад. Фонди Оғохон яке аз созмонҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN)-шабакаи пештоз дар арсаи ҳалли мушкили фақр мебошад, ки аз ҷониби Волоҳазрат Оғохон таъсис шудааст. Барои маълумоти бештар www.akfusa.org.


Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) зарфиятҳои Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Идоракунии хавфи офатҳои AKDN, ва Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғохонро муттаҳид намуда, дар заминаи омодагӣ барои офатҳои ногаҳонӣ ва тадриҷӣ фаъолият мекунад.

Барои маълумоти бештар: http://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-habitat

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.