Намояндагони Шӯрои исломии машваратии Эрон дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи қонун дар бораи узвияти кишвар ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро маъқул шумориданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Mehr.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби 205 нафар вакилон ҷонибдорӣ шуда, 3 нафар муқобил овоз доданд ва 4 нафар аз раъйдиҳӣ худдорӣ намуданд.

Барои ба СҲШ ҳамроҳ шудан Эрон бояд ҳамаи 49 санади аз ҷониби созмон то ин замон қабулшударо тасдиқ мекард.

Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъсис дода шуд.

Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони созмон мебошанд. Таҳкими субот ва амният, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, шарикӣ дар соҳаи энергетика ва робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои Созмон унвон шудаанд.

Эронро бинобар сабаби таҳримҳои ҷоришудаи Шӯрои амнияти СММ, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо нисбати ин кишвар ба созмон қабул карда наметавонистанд, аз ин рӯ, Эрон мақоми нозирро дар СҲШ дошт. Пас аз соли 2016 ба туфайли имзои созишнома оид ба барномаи ядроӣ (ҳастаӣ), ки Эрон ба истеҳсол накардани аслиҳаи ҳастаӣ уҳдадор шуд, маҳдудиятҳо тадриҷан бекор шуданд.

Моҳи сентябри соли равон Теҳрон дар бораи ба уҳвияти СҲШ пазируфта шудан Ёддошт ба имзо расонид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.