Абдурашид Самадов, адабиётшиноси шинохта, китоби ҳамосаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасиро дар тарҷумаҳои забони русӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, китоби нави худро таҳти унвони ““Шоҳнома” дар Русия” ба табъ расонидааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар китоб оид ба таърихи тарҷумаи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасӣ ба забони русӣ сухан меравад. Муаллиф дар мақолаҳои ҷудогона аз таърихи тарҷумаҳои “Шоҳнома” аз ҷониби Л.Пенковский, В.Жуковский, М.Зотов, С.М.Соколов, М.Лозинский, В.Державин, И.Селвинский, В.Левик, К.Липскеров, Е.Звягинсева, С. Липкин, Р.Ашкинадзе ва С.Б. Бону - Лоҳутӣ ҳарф зада, нақши Бонуро дар иҷрои ин амр бориз ва тарҷумаи ӯро намунаи муваффақ арзёбӣ кардааст.
Китоби мазкур аз бобҳои ““Шоҳнома” дар сарзамини рус”, “Ситсилия Бону - Лоҳутӣ ва соярӯшанҳои тарҷумаи “Шоҳнома” ба забони русӣ”, ““Шоҳнома” ва шоҳномапажӯҳон”, “Ҷусторҳо дар “Шоҳнома”” иборат аст. Инчунин, китоби мазкур 18 зербоби дигарро дар бар мегирад.
Сарсухани ““Шоҳнома” дар Русия”-ро Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшинос ва узви вобастаи АМИТ, навишта, гуфтааст, “асари А. Самадов дорои маводи фаровон, мушоҳидаву мулоҳизаҳои ҷолиб ва андешаҳои амиқи илмӣ буда, иқдоми муҳимме дар шинохти “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва робитаҳои адабӣ ба шумор меравад”.
Дар ин асари таҳқиқотӣ саҳми бузургу мондагори Ситсилия Бону дар тарҷумаи “Шоҳнома” мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки ин пажӯҳишгар бо маслиҳату машварати Абулқосим Лоҳутӣ ба тарҷумаи ҳамоса машғул шуда, тақрибан 50 соли умрашро ба ҷодаи пурифтихори илм бахшидаааст.
Ёдовар мешавем, ки Абдурашид Самадов пажӯҳишгар ва тарҷумони шинохта буда, муаллифи китобҳои “Анварӣ”, “Инсони комил” ва “Гулназарнома” мебошад.
Дар Дубай тоҷикистониеро ҷустуҷӯ доранд, ки миллион доллар бурд кард
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?
Аз маъдану тилло то барқу пахта. ТОП-10 маҳсулоте, ки Тоҷикистон содирот мекунад
“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб
Барои баргузории 3 озмун дар Тоҷикистон беш аз 11 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад
Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст
Вазири маориф: Таътили тобистона аз 1-уми июн оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста