Нарзулло Дӯстов, яке аз чеҳраҳои намоён ва пуртазоди сиёсати Тоҷикистон дар солҳои 90-ум, ки пас аз ҷонибдорӣ аз Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошӯбгар дар соли 1998 ба давлати Ӯзбекистон фирор карда буд, пас аз бемории тӯлонӣ, дар синни 82-солагӣ вафот кардааст. Дар ин бора Мирҳусайн Назриев, раиси пешини Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ дода, навишааст, ки Нарзулло Дӯстов яке аз асосгузорони ин ҳузб буд.
Гуфта мешавад, ки Нарзулло Дӯстов чанд муддати охир аз бемории саратон ранҷ мебурд ва ҳанӯз аввали моҳи ноябр вафот кардаву дар яке аз қабристонҳои шаҳри Тошканд ба хок супорида шудааст.
Нарзулло Дӯстов яке аз чеҳраҳои шинохта дар майдони сиёсати солҳои 90-уми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз даъвогари курсии президентӣ Раҳмон Набиев ҷонибдорӣ мекард ва моҳи декабри соли 1991 ноиби президенти Тоҷикистон таъин шуд, аммо пас аз фишори нерӯҳои оппозитсия дар моҳи майи соли 1991 ба истеъфо рафт.
Дар Тоҷикистон ӯро барои ҷонибдорӣ аз полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев айбдор мекунанд, ки соли 1998 ба вилояти Суғд ҳуҷум карда, муддати чанд рӯз бедодгариҳои зиёд намуд ва пас аз нокомӣ ба давлати ҳамсояи Ӯзбекистон фирор кард.
Пас аз соли 1998 ҳарчанд дар хусуси Маҳмуд Худойбердиев гоҳ-гоҳе хабарҳо длар расона нашр мешуданд, аммо Нарзулло Дӯстов фаромӯш шуда буд.
Аз танзими муҳоҷират то аъзогӣ ба Иттиҳоди иқтисодӣ. 5 саволи мубрам барои Тоҷикистон дар соли 2023
Дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маркази ҷудо бунёд мекунанд
Пешниҳоди афви 500 ҳазор муҳоҷири бинокори тоҷик дар Русия
Кишварҳои исломӣ ҷонибдорӣ карданд. Тоҷикистон узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ мешавад
Майк Помпео: Ашраф Ғанӣ тақаллубкори айёр буд
Ягона боғи ҳайвоноти Хуҷанд дар ҳоли нобудӣ. Мақомот хабар надоранд
"Сомон Эйр" парвоз ба шаҳри Теҳронро оғоз мекунад
Муовини раиси вилояти Суғд: Шашгоникҳо аз хунукназарии масъулини дахлдори вилоят фавтиданд
Дар соли 2022 дар саросари дунё 67 корманди расонаҳоро куштаанд
Толибон ваъда доданд, ки барои таҳсил шароит фароҳам меоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста