Ду филми тоҷикӣ дар Фестивали байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ ва Фестивали филмҳои ҷаҳонии донишҷӯён (SWIFF) соҳиби ҷойи якум, ҷоизаи махсус ва беҳтарин нақши мардона гардидаанд.
Дар Фестивали байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ зери унвони “Московская премьера” филми бадеии “Бачаи обӣ (Water boy)” соҳиби ду ҷоизаи “Беҳтарин филм” ва “Беҳтарин нақши мардона” гардидааст. Дар ин бора коргардони тоҷик Файзулло Файзов хабар медиҳад.
Ба гуфти ӯ, ин филм дар бахши рақобат миёни 10 филми хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби ду ҷоизаи баландтарин гардид. Гуфта мешавад, дар ин ҷашнвора филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳ аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Латвия ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки муаллифи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд.
Филми “Бачаи обӣ” қаблан дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои авруосиёии “Eurasian Film Festival” дар Лондон барандаи ҷоиза шуда буд.

Ҳамин тавр, филми мустанади “Умед”, ки аз талоши хонандагони мактаб дар яке аз деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон таҳия шуда буд, дар Фестивали филмҳои ҷаҳонии донишҷӯён (Student world impact film festival) соҳиби ҷоизаи фахрӣ гардидааст. Дар ин бора Исматулло Абдуллоев, таҳиягари филми мустанад, хабар медиҳад.
Филми мустанади “Умед” қаблан дар Ҷашнвораи “MediaCamp-Fest” сазовори ҷойи сеюм гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки дар чандвақтаи охир ба навор гирифтани филмҳои кӯтоҳ ва мустанад дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шуда, аксаран соҳиби ҷоизаҳои минтақавиву байналмилалӣ мегарданд.
Тоҷикистон давлати аз вараҷа озод эълон шуд
Оғози амалиёти нави Ҷабҳаи муқовимат. Сухангӯи Аҳмад Масъуд гуфт, ба маркази таълимии Толибон ҳамла карданд
ТОК-ШОУ: Келин ва хушдоман. Моҷарои беохир
Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд
“Ҳадаф - интиқоли консулгарӣ”. Расонаҳои Афғонистон баъзе ҷузъиёти сафари Толибон ба Хоруғро ифшо карданд
Ҳукумат ҷиҳати суръатбахшӣ ба ҷараёни истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дастур дод
“Ба бадномкунии мақомоти давлатӣ машғул шуд”. Дар Суғд як нафар бо моддаи 307 маҳкум гардид
Ғолибони озмуни “Сайри гули лола” дар Душанбе муайян шуданд
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд оғоз гардид
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати 250 мансабдор барои заминфурӯшӣ ва истифодаи нодурусти он
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста